«ШИНОСОӢ БО ТОҶИКИСТОН — МАМЛАКАТИ АФСОНАВӢ». Таҳти ин унвон дар шаҳри Хабаровскии Россия барномаи фарҳангӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 21.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Маркази барқароршавӣ ва офиятбахшии кӯдакон дар Осоишгоҳи «Амурский»-и шаҳри Хабаровски Федератсияи Россия бо ибтикори Ҷамъияти «Тоҷикони Шарқи Дур», ки роҳбарии онро бонуи фаъолу шинохтаи тоҷик Моҳтоб Ғафурова ба зимма дорад, барои кӯдакони бемор маҳфили идонаи наврӯзӣ бо номи «Шиносоӣ бо Тоҷикистон — мамлакати афсонавӣ» баргузор гардид.
Тавре хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Россия Садбарги БОҚӢ иттилоъ медиҳад, дар ин осоишгоҳ фарзандони миллатҳои гунонуни шаҳри Хабаровск табобат меёбанд.
Дар маҳфили идона баъди пешниҳоди маълумоти муфассал дар бораи ҷашни байналмилалии Наврӯз, кӯдакон тариқи навори видеоӣ бо Парчаму Нишон ва дигар арзишҳои миллии Тоҷикистон, табиати зебову нотакрор, расму оин ва таъриху фарҳанги бои мардуми тоҷик шинос шуданд.
Маҳфил барои кӯдакону устодонашон хеле ҳам шавқовар буд ва онҳо ба саволҳояшон оид ба Тоҷикистон ва урфу одати мардумонаш посух гирифтанд. Масъулин барои кӯдакони ин осоишгоҳ дастурхони идона бо хӯрокҳои миллии тоҷикона ороста, ба онҳо рақсу суруд ва шеърҳои тоҷикӣ манзур намуданд.
Хотиррасон мешавем, ки Ҷамъияти «Тоҷикони Шарқи Дур» дар кишвари Хабаровск дар тамоми минтақаи Шарқи Дур бо иқдому ташаббусҳои созанда, баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди давлатию миллӣ маъруф мебошад.
Роҳбари ин ҷамъият Моҳтоб Ғафурова тавонистааст дар як муддати кӯтоҳ бо пайваста ташкил намудани барномаҳои фарҳангию омӯзишӣ, маҳфили шеъру сухани воло ва пешниҳоди хӯрокҳои миллии мардуми тоҷик халқияту миллатҳои минтақаи Хабаровскро бо расму оин, таърихи рангину куҳани миллати тоҷик шинос ва ба ин восита таваҷҷуҳи сайёҳонро ба Тоҷикистони ҳамешабаҳор боз ҳам бештар ҷалб намояд.
Ёдовар мешавем, ки баргузории маҳфилҳои гуногуни идона ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз аз ҷониби Ҷамъияти «Тоҷикони Шарқи Дур» дар минтақаҳои дигари Хабаровск идома меёбанд. Тоҷикони бурунмарзӣ дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия барномаю маҳфилҳои идона роҳандозӣ намуда, ҳамзамон дигар халқияту миллатҳоро бо расму оинҳои миллии мардуми тоҷик шинос менамоянд.








«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд






