«Сомон Эйр» парвозҳоро ба шаҳрҳои Россия коҳиш медиҳад
ДУШАНБЕ, 18.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳо барои вуруд ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба Федератсияи Россия аз 18 март то 1 майи соли 2020 ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Сомон Эйр» парвозҳоро ба самти шаҳрҳои Федератсияи Россия коҳиш дода, барои идомаи иҷрои парвозҳо бо инобати пуршавии хатсайрҳо кӯшиш хоҳад кард. Дар ин хусус аз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Сарчашма хабар медиҳад, ки мутобиқи қарори Ҳукумати Федератсияи Россия ба парвозҳои самти ин кишвар танҳо кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои мустақар дар Россия, ронандагони мошинҳои боркашонии байналмилалӣ, сарнишинони ҳавопаймову қатораҳо, шахсоне, ки бо роҳи транзитӣ аз гузаргоҳҳои фурудгоҳҳо мегузаранд, аъзои ҳайатҳои расмӣ ва ашхосе, ки раводидҳои дипломативу хизматӣ доранд ва ё ба Россия бинобар вафоти хеши наздик меоянд, роҳ дода мешаванд.
Ба хатсайрҳои самти баргашт ба Тоҷикистон тамоми мусофирон, ғайр аз шахсоне, ки аз давлатҳои Чин, Эрон, Афғонистон, Италия, Кореяи Ҷанубӣ омадаанд ва ё давоми 14 рӯзи охир ба ин кишварҳо сафар доштанд, иҷозати парвоз доранд. Ҳамзамон дар асоси қарори сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии хатари воридшавӣ ва паҳншавии вируси нави COVID-19 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне, ки мустақиман ва ё тариқи транзитӣ аз кишварҳои Франсия, Германия, Испания, Швейтсария, Шветсия, Британияи Кабир, Норвегия, Нидерландия, Белгия, Дания ва Амрико ворид мегарданд, 14 рӯз дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон дар карантин нигоҳ дошта мешаванд.
Тадбире, ки аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия андешида шудааст, ҷавобгӯи тавсияҳои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар ҳолатҳои фавқулода буда, чораи муваққатӣ мебошад.
Маблағи чиптаи мусофирон дар нуқтаҳои харидоришуда пурра бозпас гардонида мешавад ва ё бо хоҳиши мусофирон чиптаҳои ҳавопаймоӣ ба муҳлати баъдӣ гузаронида мешаванд. Барои гирифтани маълумоти бештар мусофирон метавонанд ба маркази маълумотдиҳии ширкат муроҷиат намоянд. Тамос: 44-640-40-49, 44-640-40-50, call-center@somonair.com








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






