Суғд: барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соҳиби 20 000 сомонӣ мегардад

Март 17, 2020 15:55

ДУШАНБЕ, 17.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки 5 феврали соли 2020 ба тасвиб расид, дар вилояти Суғд барои ғолибони   ҷойҳои ифтихорӣ аз 4000 то 10​ 000 сомонӣ ва  ба барандаи Шоҳҷоизаи даври вилоятии озмун 20​ 000 сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Амри Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии мамлакат роҳандозӣ гардидааст.

Озмуни мазкур миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо),​ калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат)  доир мегардад.

Тибқи низомномаи озмун иштирокчиёни озмун ба се гурӯҳи зерин ҷудо карда мешаванд:

  1. Тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ;
  2. Донишҷӯёни таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо)
  3. Калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат) гузаронида мешавад».

Тибқи тарбиби баргузории озмуни мазкур, ғолибони даври ҷумҳуриявии озмун-гирандагони ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва Шоҳҷоиза ба ихтисосҳои филологии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ: забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забонҳои хориҷӣ, рӯзноманигорӣ ва тарҷумонӣ пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар асоси мактуби тавсиявии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бе имтиҳон ва ройгон қабул карда мешаванд.

Март 17, 2020 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд