«Вазъи зани тоҷик то ибтидои қарни 20» — таҳти ин ном дар Китобхонаи миллӣ конференсия доир гардид

Март 5, 2020 12:35

ДУШАНБЕ, 05.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи бонувони барҷастаи  Тоҷикистон ба номи Муқаддара Рустамова бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Вазъи  зани тоҷик то ибтидои қарни 20» конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода зимни ҳамоиш иброз намуд, ки «занони тоҷик аз қадим дар баробари мардон барои ободии хонадон ва ҷомеа нақши бориз доранд. Зеро занони бомарифату бунёдкор дар ҳаёти ҷомеа чун ситораи тобон  дурахшанда, роҳи инсониятро ба сӯи инкишофу камолот равшан кардаанд».

Дар кори конференсия 70 нафар даъватшудагон, аз ҷумла намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Муовини  аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Нигорахон Ғаффорзода оид ба нақши занон дар пешбурди сиёсати Сарвари давлат ва нақши онҳо дар масири таърих сухан гуфт.

Мавсуф иброз дошт, ки «таърихи халқи куҳанбунёду ҷавонбахти тоҷик занони бисёреро медонад, ки баробари ба вуҷуд овардани  бузургмардони сиёсату давлат ва илму адаб либоси мардонагӣ ба бар карда, баҳри озодиву истиқлолияти миллату давлат ҷонбозиҳо намуданд».

Ҳамчунин Раиси Бунёди байналмилалии косибони Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи косибонии Осиёи Миёна Мукаррама Қаюмова оид ба либосҳои занони қарни 20 маърӯза намуда, намудҳои гуногуни  либосҳои офаридаашро ба  намоиш гузошт.

Дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳсули эҷоди бонувони ҳунарманд, аз қабили чакандӯзӣ, зардӯзӣ ва тарҳи либосҳои гуногуни бонувони қарни 20-ум  пешниҳод гардид.

Бояд тазаккур дод, ки дар замони истиқлолият ва дар партави ғамхориҳои Сарвари давлат мақому манзалати занону модарони тоҷик ҳамчун офарандагони зиндагӣ, тарбиятгарони наслҳо ва неруи муқтадири пешбарандаи ҷомеа хеле устувор гардид.

Имрӯз бо шарофати озодию истиқлоли Ватани маҳбубамон занону хоҳарон ва модарони арҷманди мо дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа баробари мардон заҳмат кашида, бо мақсади таҳкими иқтидору тавоноӣ ва обрӯю манзалати баланди байналмилалии мамлакат зафармандона саъю талош менамоянд.

Саҳми бонувону модарон махсусан дар пешрафти соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар самтҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат бештар ба назар мерасад.

Март 5, 2020 12:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд