ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ: ҷиҳати ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон пас аз ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳо дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон чораҳои зарурӣ андешида мешаванд
ДУШАНБЕ, 23.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки баҳри ҳалли мушкилоти шаҳрвандони кишвар, ки пас аз ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳо дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба мақсади пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси нав (COVID-19) пеш омадаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ВКХ ҶТ хабар медиҳад, барои овардани шаҳрвандони мо аз Россия, Туркия ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ чанд парвоз аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр», «Тоҷик Эйр» ва «Fly Dubai» анҷом дода шуданд ва ташкили парвозҳои иловагии чартерӣ барои овардани шаҳрвандони Тоҷикистон баррасӣ шуда истодааст.
Ҳамзамон дар ҳамкорӣ бо ҷонибҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон ва талошҳои намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии кишвар дар Тошканд, Нур-Султон ва Алмато барои аз тариқи долони нақлиётии автомобилӣ ба Ватан баргардонидани беш аз 1100 нафар шаҳрванди кишвар, ки дар гузаргоҳҳои сарҳадии кишварҳои ҳамсоя дармонда буданд, мусоидат сурат гирифт. Ҳамчунин бо мусоидати дипломатҳои мо шаҳрвандони кишвар, ки дар Миср ҳамчун сайёҳ қарор доштанд, ба Тоҷикистон оварда шуданд.
Бояд таъкид кард, ки намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Тоҷикистон бо шаҳрвандоне, ки бар асари маҳдудиятҳои ҷоригардида дар фурудгоҳҳои кишварҳои дигар қарор доранд, дар тамос буда, ба онҳо мусоидати заруриро мерасонанд.
Бо дарназардошти вазъи бавуҷудомада, бори дигар аз ҳамватанон хоҳиш менамоем, ки бо дарки масъулият тадбирҳои ҷиҳати пешгирӣ аз шуюи коронавирус андешидашударо қабул намуда, оромиро нигоҳ доранд ва ба қадри имкон ҷойи зисти доимӣ ё муваққатии худро тарк накунанд, инчунин чораҳои маҳдудкунанда ҷиҳати пешгирии бемории ҳамагирро риоя кунанд.








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






