Вазорати саноат ва технологияҳои нав: «Имкониятҳои истеҳсолии корхонаҳои ордбарорӣ талаботи бозори дохилиро пурра таъмин менамоянд»

Март 6, 2020 09:33

ДУШАНБЕ, 06.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷумҳурӣ 47 корхонаи ордбарорӣ мавҷуд буда, имконияти истеҳсоли 1,9 миллион тонна орди гандумиро дар як сол доро мебошанд ва ин иқтидор нисбат ба талаботи солонаи ҷумҳўрӣ, ки 800,8 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад 1,9 маротиба зиёдтар аст. Ин матлабро ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд.

Бино ба маълумоти манбаъ, дар корхонаҳои мазкур дар як шабонарўз 1835 тонна орд истеҳсол мегардад.  Корхонаҳои коркард бо гандум ва бозори дохилӣ бо орд асосан аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ таъмин гардида, қисми дигари он аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Россия мунтазам дар ҳаҷми зарурӣ ворид гардида истодааст.

Дар ду моҳи соли 2020 аз ҷониби корхонаҳои истеҳсоли орди ватанӣ 110,0 ҳазор тонна орди гандумӣ истеҳсол гардида, дар баробари ин 14,6 ҳазор тонна аз хориҷи мамлакат ворид карда шудааст, ки дар маҷмўъ бо дарназардошти бақияи соли 2019 (47,1 ҳазор тонна) 171,7 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Ин рақам нисбат ба талабот (133,5 ҳазор тонна) 126,7% зиёд мебошад.

Дар моҳҳои январ – феврали соли 2020 ба ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 дар ҳаҷми 346,7 тонна орд зиёдтар ворид гардида, дар баробари ин аз хориҷи мамлакат барои истеҳсоли орд 95047,8 тонна гандум ворид шудааст, ки ба истеҳсоли 71285,9 тонна орд мусоидат намуда, талаботи аҳолии мамлакатро бо маҳсулоти хушсифат пурра ва сари вақт таъмин менамояд.

Дар натиҷаи рушди соҳаи саноат сол то сол таъминоти талаботи бозори дохилии ҷумҳурӣ бо маҳсулоти воридотивазкунандаи истеҳсоли ватанӣ таъмин гардида, соли 2019 талаботи лозима дар ҳаҷми 710,1 ҳазор тонна бо орд пурра таъмин карда шуда, 3132,5 тоннаи он ба хориҷи мамлакат содирот карда шудааст.

Акс аз бойгонӣ

Март 6, 2020 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»