ВКХ: шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сарҳади ду кишвари ҳамсоя дармонда буданд, тавассути қаламрави Ӯзбекистон ба Ватан ҳаракат карданд

Март 17, 2020 13:30

ДУШАНБЕ, 17.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба иттилои расонаҳои интернетӣ бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Россия бо мошинҳо ба Ватан  бармегаштанд, дар минтақаи сарҳадии байни Қазоқистон ва Ӯзбекистон дармонда буданд.  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ҳалли ин мушкилот мусоидат намуд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 16 март баъди судури иҷозати мақомоти Ӯзбекистон шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути қаламрави Ӯзбекистон ба самти Тоҷикистон ҳаракат карданд.

Ёдовар мешавем, ки аз 16 марти соли 2020 бино бар эълон гардидани вазъияти фавқулода дар Қазоқистон ва ҷорӣ шудани чораҳои маҳдудкунанда дар Ӯзбекистон бар асари ҳамагирии коронавируси нав (COVID-19) маҳдудияти ворид шудан ба хоки ин ду кишвар ҷорӣ гардид.

Дар робита ба ин, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки шаҳрвандони мамлакат аз сафар ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон, аз ҷумла сафарҳои транзитӣ дар айни замон худдорӣ намоянд.

Хотиррасон мекунем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон қарор доранд, дар ҳолати зарурат метавонанд ба намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии мо муроҷиат кунанд:

Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон

Суроға: ш. Нур-Султон, мкр-н Чубари, кӯчаи Карасакал Еримбет, 15.

Тел: +7 7172 241315, +7 7172 240929

E-mail: tajembastana@mfa.tj

Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Алмаато

Суроға: ш. Алмато, к. Санаторная, 16.

Тел: 8107 (3272) 69 70 59, +77 77 588 3115

E-mail: tajconsalmaty@mfa.tj

Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон

Cуроға: 700090, ш.Тошканд, к. А. Қаҳҳор, 61.

Тел: 810 (998712) 54 99 66, 810 (998712) 54 84 13

E-mail: tajembuz@mfa.tj

Март 17, 2020 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд