Ёвон: Дар арафаи Рӯзи Модар занони куҳансолро аёдат намуданд
ЁВОН, 07.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Модар дар Кохи фарҳанги ба номи Тағоймурод Хушвахтови шаҳраки Ёвон ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар он собиқ муовинони раиси ноҳияи Ёвон Тоҷинисо Худойбердиева, Тоҷинисо Шарифова ва Зумрад Умматзода, занони собиқадору роҳбар, хизматчиёни давлатӣ, духтарони муваффақу фаъол, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар фаъолони ҷомеа ширкат варзиданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Раиси ноҳияи Ёвон Ҷамшед Саидзода дар ин ҳамоиши идона хидматҳои шоистаи занони собиқадорро дар рушду нумӯи диёр васф намуда, нақши арзандаи бонувони роҳбар, ходимони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро дар самти пешрафти ноҳия лоиқи таҳсин хонд ва ба занони собиқадору бонувони фаъол ва аҳли ҳамоиш туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.
Зикр гардид, ки модарону хоҳарони азизи ноҳияи Ёвон минбаъд низ дар амалӣ гардидани нияту ҳадафҳои пешбининамудаи Ҳукумати мамлакат ва тарбияи фарзандони солеҳу соҳибмаърифат, ободии Ватан ва пешрафти давлат саҳми арзанда мегузоранд.
Ҳамчунин дар арафаи Рӯзи Модар роҳбарияти ноҳия занони собиқадор ва куҳансоли ноҳия, аз ҷумла як нафар ҳамсари иштирокчии ҶБВ ва се нафар занони аз 100-сола болоро аёдат ва ба ҳар яки онҳо тансиҳатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори осуда таманно намуда, онҳоро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.








Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»






