Муҳандис-заминсози шаҳраки «Ҳаёти нав»-и ноҳияи Ёвон барои гирифтани ришва гунаҳкор дониста мешавад
ДУШАНБЕ, 18.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти муҳандис-заминсози шаҳраки «Ҳаёти нав»-и ноҳияи Ёвон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрванд Ж.Н. дар вазифаи мазкур фаъолият дошта, бо истифода аз боварӣ аз сокини ҷамоати мазкур- шаҳрванд Ш.У. барои ҷудо карда додани 16 сотих замини наздиҳавлигӣ ба амали дорои хусусияти коррупсионӣ даст задааст.
«Номбурда аз Ш.У. моҳи октябри соли 2014 3 ҳазору 500 доллари америкоӣ ва моҳи феврали соли 2019 30 ҳазор сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст», — омадааст дар иттилоияи Агентӣ.
Гуфта мешавад, ки Ж.Н. бо ҳаракатҳои бадқасдонаи содирнамуда ба ҷабрдида зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.
31 январи соли 2020 вобаста ба ин ҳодиса нисбат ба номбурда бо моддаҳои 247, қисми 4 банди «б» ва 3381, қисми 2 банди «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






