Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Наврӯзро пуршукӯҳ таҷлил карданд
ДУШАНБЕ, 20.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз табиату инсонро ба ҳам пайванд медиҳад ва маҳз дар ҳамин ҷашн инсонҳо кинаву адоватро аз қалбҳояшон берун карда, шодию хурсандӣ мекунанд. Бо зинда шудани табиат дар баҳорон Наврӯз ё Соли нави хуршедӣ фаро мерасад. Наврӯзи хуҷастапай даҳ сол пеш, 19 марти соли 2010 бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ ҷашни байналмилалӣ эълон гардид.
Ин нукта имрӯз зимни ҳамоиши фарҳангӣ таҳти унвони «Наврӯзи байналмилалӣ», ки дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид, баён шуд.
Дар ин маҳфил донишҷӯёни Донишгоҳи мазкур хони густурдаи ҳафтсину ҳафтшин ва анъанаҳои неки наврӯзиро пешниходи иштирокдорон намуданд.
Тавре муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи мазкур Муҳиддин Абдураҳмонов иброз намуд, ҷашни Наврӯз таърихи деринаи бостонӣ дошта, аз қаъри асрҳо сарчашма мегирад ва дорои арзишу сифатҳои нек мебошад.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, дар таҳияи рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ваҳдату ҳамраъйӣ ва дӯстиву рафоқат, ки аз муҳимтарин ойинҳои ин ҷашни фархунда дониста шуда, мардуми мо ба он арҷ мегузоранд, ба назар гирифта шудаанд.
Суннатҳои ҷашни Наврӯз омили хубе дар муаррифӣ ва ҳифзу нигоҳдории таъриху фарҳанги миллати тоҷик буда, дар ташаккули худшиносии миллии ҷомеа, махсусан насли наврас мусоидат менамоянд.








Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад






