18-19 апрел бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон баргузор мегарданд

Апрель 14, 2020 13:34

ДУШАНБЕ, 14.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. 18-19 апрел дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои  даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон  баргузор мегарданд. Дар  даври сеюм дастаҳои футболи «Душанбе-83»-и Душанбе  бо  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо «Истаравшан»-и Истаравшан,  «Локомотив-Помир»-и Душанбе  бо  КМВА, «Хатлон»-и Бохтар бо «Истиқлол»-и Душанбе ва  «Кӯктош» -и ноҳияи Рӯдакӣ бо  «Хуҷанд»-и Хуҷанд  байни ҳам рақобат мекунанд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

 

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 3-юм

18 апрел (шанбе)

Соати 16:30

«Душанбе-83» – «Файзканд»

Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат

Соати 16:30

«Регар-ТадАЗ» – «Истаравшан»

Майдони «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода

  19 апрел (якшанбе)

Соати 16:30

«Хатлон» – «Истиқлол»

Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматови ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ

Соати 16:30

«Кӯктош» – «Хуҷанд»

Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

Соати 19:00

КМВА – «Локомотив-Памир»

Майдони марказии шаҳри Ҳиссор

Ёдовар мешавем, ки дар  бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон, ки 11-12 апрел дар варзишгоҳҳои  мамлакат сурат гирифтанд, дастаҳои  футболи «Локомотив-Помир»-и  Душанбе  ба «Душанбе-83»-и  Душанбе  бо ҳисоби 1:0, «Истиқлол»-и Душанбе ба  КМВА бо натиҷаи 2:0, «Хатлон»-и Бохтар ба «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби  3:2 «Кӯктош»-и ноҳияи  Рӯдакӣ  бар  «Истаравшан»  бо натиҷаи  3:0  ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ ба «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби   3:2  ғолиб омаданд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 2-юм

«Хуҷанд» – «Хатлон» – 2:3.

Голҳо: Худойдод Узоқов, 20 (0:1). Сорбон Авғонов, 35 (0:2). Санҷар Рисхибоев, 47 (1:2). Парвиз Баки-Ахунов, 72 (1:3). Дилшод Бозоров, 90+7 (2:3).

«Истиқлол» — КМВА  2:0

Голҳо: Алишер   Ҷалилов, 19 ва Шериддин Бобоев, 86

«Файзканд» – «Регар-ТадАЗ» – 3:2

Голҳо: Сайёди Ковусшо, 6 –пеналти (1:0). Ҳоҷиакбар Узоқов, 45+1 (1:1). Сардорбек Эминов, 77 (1:2). Далерҷон Тухтасунов, 79 (2:2). Вайсиддин Сафаров, 85 (3:2).

«Истаравшан» – «Кӯктош» – 0:3

Голҳо: Собирҷон Холматов, 79 (0:1). Азизбек Султонов, 83 (0:2). Далер Ёдгоров, 90+1 (0:3).

«Локомотив-Помир» – «Душанбе-83» – 1:0

Гол: Изатулло Рузиев, 75 – (худгол).

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 1-ум.

 «Душанбе-83» – «Истиқлол» — 0:7

Голҳо: Вахит Оразсахедов 26, Манучеҳр Ҷалилов 31, 60, 64, Алишер Ҷалилов 46, Шериддин Бобоев 80, 90.

 КМВА – «Хуҷанд» – 1:3.

Голҳо: Андрей Сидоров, 45 (0:1). Хуршед Бекназаров, 63 (0:2). Шодибек Ғаффоров,76 (2:1). Манучеҳр Ахмедов, 90+2 пеналти (1:3).

 «Локомотив-Помир» – «Файзканд» – 2:2

 Голҳо: Наврӯз Рустамов, 49 (0:1). Шаҳром Сулаймонов, 55 (1:1). Азизбек Ҳасанов, 71 (2:1). Азизҷон Зарипов, 72 (2:2).

5 апрел. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 «Хатлон» – «Истаравшан» – 2:1

 Голҳо: Илҳом Баротов, 10 (0:1). Парвиз Боқӣ-Охунов, 53 (1:1). Эҳсон Бобоев, 90+4 – аз пеналтӣ (2:1).

5 апрел. Ҷалолиддин Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов.

 «Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ» – 0:0

5 апрел. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник».

 

И В Н П М О

 

1 «Истиқлол» (Душанбе) 2 2 0 0 9-0 6
2 «Хатлон» (Бохтар) 2 2 0 0 5-3 6
3 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 2 1 1 0 3-0 4
4 «Файзканд» (Восеъ) 2 1 1 0 5-4 4
5 «Локомотив-Памир» (Душанбе) 2 1 1 0 3-2 4
6 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 2 1 0 1 5-4 3
7 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 2 0 1 1 2-3 1
8 КМВА (Душанбе) 2 0 0 2 1-5 0
9 «Истаравшан» (Истаравшан) 2 0 0 2 1-5 0
10 «Душанбе-83» (Душанбе) 2 0 0 2 0-8 0
Апрель 14, 2020 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад