Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия: қочоқчии маводи сӯзишворӣ боздошт шуд

Апрель 3, 2020 15:05

ДУШАНБЕ, 03.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти шаҳрванд З.А. хабар медиҳад, ки бо роҳи қочоқ ва бидуни назорати гумрукӣ ба мамлакат маводи сӯзишворӣ ворид намудааст.

Ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, номбурда 23 январ дар ҳудуди вилояти Бодкенти Ҷумҳурии Қирғизистон аз «Ҷ» ном шаҳрванди ин мамлакат 8 ҳазору 959 литр сӯзишвории дизелии тамғаи «Дт-Л-40»-ро харидорӣ намуда, ба воситаи мошини боркаш онро бо роҳи қочоқ ва бидуни назорати гумрукӣ ба ҳудуди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст.

«Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамон рӯз мошини мазкур дар шаҳри Истаравшан боздошт карда шуд», — афзуд манбуд.

Муайян гардид, ки шаҳрванд З.А. 21-22 январ бо ҳамин роҳ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ба миқдори 26 ҳазору 877 литр сӯзишвории дизелӣ ворид намудааст.

Тибқи хулосаи мутахассисон, арзиши умумии сӯзишвории дизелии бо роҳи қочоқ вориднамудаи номбурда 188 ҳазору 139 сомониро ташкил медиҳад.

«Оид ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба З.А. бо моддаи 289, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷинояти оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад»,- афзуд манбаъ.

Апрель 3, 2020 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад