Агентии обуҳавошиносӣ: 14-15 апрел дар Тоҷикистон ҳаво номусоид боқӣ мемонад

Апрель 14, 2020 10:32

ДУШАНБЕ, 14.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳавои номусоид дар қаламрави ҷумҳурӣ 14-15 апрел боқӣ монда, бориши борон ва дар баъзе ноҳияҳо боридани  ниҳоят шиддатноки он  дар назар аст.  Қисми  зиёди бориш  дар минтақаҳои доманакўҳӣ ва кўҳии ноҳияҳои тобеи марказ (Варзоб, Сангвор, Рашт, Нуробод ва Файзобод), вилояти Хатлон (ноҳияҳои Восеъ, Хуросон, Ховалинг, Муъминобод, Ш.Шоҳин ва шаҳри Кўлоб) ва ноҳияҳои доманакўҳи вилояти Суғд (Истаравшан ва Панҷакент) ба қайд гирифта шуда, эҳтимоли омадани сел дар назар аст.  Дар ин рӯзҳо дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ), шохобҳои дарёи Вахш баландшавии якбораи сатҳи об пешгўӣ мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, 16-17 апрел дар ҷумҳурӣ ҳаво асосан бебориш шуда, баландшавии ҳарорат дар назар аст. Дар  ин рӯзҳо ҳаво дар вилояти Хатлон шабона 7+12 ва рӯзона аз  8+14 то 19+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво то 15 апрел боронӣ буда, дар доманакӯҳҳо шиддат гирифтани он дар назар аст. Аз 16 то 18 апрел дар ин минтақа ҳавои бебориш  ва тағйирёбанда мешавад. Дар ин рӯзҳо шабона 3+8 ва рӯзона аз 12-17 то 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то 15 апрел ҳавои номусоид  дар назар аст.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2+7 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона   1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ҳавои номусоид иброз медорад, ки бориши шиддатнок, бахусус раъду барқ дар роҳҳо хатар дошта, омадани сел, лағзиши тарма ва резиши санг аз эҳтимол дур нест.

Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз аҳолӣ ва меҳмонони мамлакат хоҳиш менамояд, ки рӯзҳои боронӣ ҳамнгоми  истифода аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт бошанд, мошинҳои худро қабл аз сафар омода ва камбудиҳои техникиро бартараф намоянд ва аз сафар ба минтақаҳои хатарзо худдорӣ намоянд. Дар ҳолати рӯ ба рӯ шудан бо вазъи хатарнок ба рақами 112 ва ё қисми навбатдории Кумита:  (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 дар тамос шаванд.

Апрель 14, 2020 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?