Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат доир шуд

Апрель 11, 2020 16:45

ДУШАНБЕ, 11.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур  ҷараёни иҷрои Созишномаи Генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 натиҷагирӣ карда шуд.

Дар он ҳисоботи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ  Ҷабборзода,  иҷрокунандаи вазифаи Раиси Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон И.Файзизода ва Раиси Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Шарипов доир ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Созишномаи Генералӣ шунида шуд.

Зикр гардид, ки дар шароити муосир яке аз воситаҳои таъмини суботи иҷтимоию меҳнатӣ ва таъмини кафолатҳои иҷтимоию меҳнатии  кормандон маҳз шарикии иҷтимоӣ мебошад, ки ҳамкории муштараки мувофиқашудаи давлат, корфармоён ва мақомоти намояндагии кормандон, яъне иттифоқҳои касабаро ифода мекунанд. Аз ин рӯ, масьалаи мазкур зери таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дар муҳокимаи масьала вазъи  иҷтимоию меҳнатии кормандони соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ ва натиҷаи чораҳои андешидаи Тарафҳои Созишномаи Генералӣ барраси гардида, барои тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо  ҷиҳати танзими бозори меҳнат, муносибатҳои меҳнатӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кормандон қарори дахлдор қабул гардид.

Апрель 11, 2020 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид