ФУТБОЛ: бозии дастаҳои «Кӯктош» ва «Хуҷанд» мусовӣ анҷом ёфт

Апрель 23, 2020 08:35

ДУШАНБЕ, 23.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз  бозии охирини  даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ-   «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар сатҳи баланд доир гардид. Ин вохӯрӣ байни дастаҳои  футболи «Кӯктош» ва «Хуҷанд»  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 1:1  хотима ёфт. Дар ин сабқати ҷолиб голҳои дастаҳоро Ҳикматулло Расулов ва Фатҳулло Фатҳуллоев ба ҳадаф расониданд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 3-юм

«Кӯктош» – «Хуҷанд» – 1:1

Голҳо: Ҳикматулло Расулов, 41 (1:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 52 (1:1).

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Маъмур Икрамов, Хуршед Бекназаров, Фирдавс Чақалов, Манучеҳр Сафаров, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Чориев, Абдулмумин Забиров (Комрон Мирзонаҷод, 64), Муҳаммадшарифи Саидхоҷа (Андрей Сидоров, 66), Санҷар Рихсибоев, Дилшод Бозоров (Амирҷон Сафаров, 86).

«Кӯктош» (Рӯдакӣ): Қурбоналӣ Бобоев, Принс Артур, Холмурод Назаров, Аҳтам Холбоев, Далер Ёдгоров, Мунир Давлатбеков, Ҳикматулло Расулов (Собирҷон Холматов, 76), Муҳсинҷон Абдуғаффоров (Султоншо Мирзоев, 67), Бунёд Шодиев, Муҳиддин Одилов, Аббос Икромов (Азизбек Султонов, 59).

Хотиррасон  менамоем, ки рӯзҳои истироҳатӣ 4 бозии даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ доир шуданд. Дастаи футболи  «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода- барандаи медалҳои биринҷии мавсими гузашта дар майдони худ дастаи  «Истаравшан»-и шаҳри Истравшанро бо ҳисоби 4:1 мағлуб намуд.

Дар ҳайати дастаи «Регар-ТадАЗ» Шероз Муҳаммадиев ва Диловаршо Ғаниев дуголӣ ба нишон расониданд. Голи дастаи футболи  «Истаравшан»-и   шаҳри Истравшанро  Илҳомҷон Баротов зад.

Вохӯрии дигар миёни дастаҳои нави Лигаи олӣ – «Душанбе-83»-и Душанбе  ва «Файзканд»-и ноҳияи  Восеъ мусовӣ анҷом ёфт – 0:0. Бо ин ҳисоб  дастаи  футболи «Душанбе-83» дар Лигаи олӣ аввалин хол ба даст овард. Бозии марказии даври сеюм миёни дастаҳои  пешсаф  – «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  сурат гирифт, ки ғолиб муайян нашуд. Дастаҳо баробар – 2:2 бозӣ карданд. Ҳисобро дар дақиқаи 9-ум бозингари дастаи   «Хатлон»   Парвиз Боқиохунов кушод. Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 32 ҳисобро баробар кард.  Қабл аз танаффус Умарҷон Шарифов тӯби дуюмро вориди дарвозаи   «Истиқлол» кард. Бозингарони дастаи  «Истиқлол»  дар вақти иловагӣ тавонистанд аз бохт раҳо ёбанд. Дар дақиқи 90+5 сардовар Насрулло Кабиров пеналтӣ таъйин кард, ки онро Манучеҳр Ҷалилов бехато иҷро намуд.

Дар бозии дигар  дастаи  КМВА бар дастаи нави Лигаи олӣ – «Локомотив-Помир»-и Душанбе  бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Аввалин ғалабаи дастаи артишро Шодибек Ғаффоров, Дилшод Восиев ва Нодирбек Иброҳимов таъмин карданд. Голи  дастаи  «Локомотив-Помир»-и Душанберо дар ин дидори ҷолиб Ислом Зоиров ба ҳадаф расонид.

Дар  бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон, ки 11-12 апрел дар варзишгоҳҳои  мамлакат сурат гирифтанд, дастаҳои  футболи «Локомотив-Помир»-и  Душанбе  ба «Душанбе-83»-и  Душанбе  бо ҳисоби 1:0, «Истиқлол»-и Душанбе ба  КМВА бо натиҷаи 2:0, «Хатлон»-и Бохтар ба «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби  3:2 «Кӯктош»-и ноҳияи  Рӯдакӣ  бар  «Истаравшан»  бо натиҷаи  3:0  ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ ба «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби   3:2  ғолиб омада буданд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 2-юм

«Хуҷанд» – «Хатлон» – 2:3.

Голҳо: Худойдод Узоқов, 20 (0:1). Сорбон Авғонов, 35 (0:2). Санҷар Рисхибоев, 47 (1:2). Парвиз Баки-Ахунов, 72 (1:3). Дилшод Бозоров, 90+7 (2:3).

«Истиқлол» — КМВА  2:0

Голҳо: Алишер   Ҷалилов, 19 ва Шериддин Бобоев, 86

«Файзканд» – «Регар-ТадАЗ» – 3:2

Голҳо: Сайёди Ковусшо, 6 –пеналти (1:0). Ҳоҷиакбар Узоқов, 45+1 (1:1). Сардорбек Эминов, 77 (1:2). Далерҷон Тухтасунов, 79 (2:2). Вайсиддин Сафаров, 85 (3:2).

«Истаравшан» – «Кӯктош» – 0:3

Голҳо: Собирҷон Холматов, 79 (0:1). Азизбек Султонов, 83 (0:2). Далер Ёдгоров, 90+1 (0:3).

«Локомотив-Помир» – «Душанбе-83» – 1:0

Гол: Изатулло Рузиев, 75 – (худгол).

Бозиҳои даври чоруми   Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ рӯзҳои  25   ва 26 апрел дар варзишгоҳҳои мамлакат  баргузор мешаванд.  Ҳамаи ин бозиҳои    Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ    дар  варзишгоҳҳои мамлакат бе иштироки тамошобинон гузаронида мешаванд. Мухлисони футболи тоҷик метавонанд ин вохӯриҳоро тариқи  телевизионҳои  ватании   «Варзиш» ва «Футбол»  тамошо кунанд.

Апрель 23, 2020 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи «CAFA Nations Сup 2025» иштирок мекунад
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ оид ба волейбол байни духтарони то 16-сола баргузор мегардад
Конфедератсияи футболи Осиё тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзалро тасдиқ намуд
ФУТБОЛ. Пагоҳ дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занона дар гурӯҳи «H» оғоз мешавад
Рақибони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маълум шуданд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дӯстона боз бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб ғалаба кард
ФУТБОЛ. Фонди ҷоизавии мусобиқаи «Ҷоми Ҷавонӣ-2025» 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Қирғизистон мусовӣ анҷом ёфт
ФУТБОЛ. Истиқлол» бар «Регар-ТадАЗ» ва «Вахш» бар «Хуҷанд» ғалаба намуд
ФУТЗАЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо тими мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб ғолиб омад
«Регар ТадАЗ» дар мусобиқа оид ба волейбол дар ноҳияи Восеъ сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Ҳисор бозии дӯстонаи дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо мунтахаби олимпии Қирғизистон доир мешавад