Дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
БОХТАР, 23.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхии вилояти Хатлон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид. Ба ғундоштани ҳосил аввалин шуда хоҷагии деҳқонии «Раъно» шурӯъ кард.
Тавре роҳбари хоҷагии деҳқонии мазкур Қурбоналӣ Мусоев иттилоъ дод, онҳо дар масоҳати 2 гектар пиёзи навъи «Алдава» шинонидаанд.
«Имсол мо нақша дорем, ки 70 тонна пиёз ҷамъоварӣ намоем. Барои сари вақт ғундоштани ҳосили пиёз 150 нафар сокинони маҳаллиро ба кор ҷалб намудаем, ки онҳо бо шароити хуби кор ва маош таъмин гардидаанд. Ҳамарӯза, ҳар нафаре, ки ба ҷамъоварии пиёз машғул мебошад, ҳаққи корашро ба маблағи 50 сомонӣ ва 5 кило пиёз мегирад. Масоҳати умумии заминҳои хоҷагии мо 4 гектарро ташкил медиҳад, ки дар 2 гектар пиёз, 1 гектар ғалла ва 1 гектари дигари он зироат шинонидаем»,- афзуд Қурбоналӣ Мусоев.
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Раъно» Қ.Мусоев иброз дошт, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат ҳар ваҷаб заминҳои хоҷагиро самаранок истифода бурда, талош доранд аз он ду-се ҳосил рӯёнанд.
«Баъди ҷамъоварии пиёз мо дар ин заминҳо ҷуворимакка мешинонем»,- илова кард номбурда.
Тибқи иттилои шуъбаи кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ, дар ноҳия дар масоҳати 318 гектар пиёз шинонида шудааст.
Кишоварзони ноҳия ба ҷамъоварии ҳосил 20 апрел оғоз намуда, то имрӯз 15 тонна пиёз ғундошта, ба бозорҳои ҷумҳурӣ пешниҳод намудаанд.








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






