Аз 7 то 9 апрел дар Тоҷикистон ҳаво номусоид шуда, борони шиддатнок дар назар аст

Апрель 6, 2020 15:50

ДУШАНБЕ, 06.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 7 то 9 апрел дар ҷумҳурӣ ҳаво якбора  номусоид шуда, дар баъзе ноҳияҳо  борони  шиддатнок дар назар дошта шудааст. 7-8 апрел раъду барқ ба амал омада, 9 апрел дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ дар баландиҳои зиёд аз 1000 метр, дар вилояти Суғд дар баландиҳои зиёда аз 800 метр аз сатҳи баҳр эҳтимоли   табдили борон ба барфи тар пешгўӣ мешавад.  Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон хоҳиш менамояд, ки  ҷӯйборҳову каналҳои назди биноҳои истиқоматии худро аз ҳар гуна хасу партов ва лойқа тоза кунанд, то оби боронҳои шадид бе мамониат ба ҷуйборҳо ҷорӣ шуда, ба хонаву ҳавлӣ ва заминҳои сокинон зарар нарасонад. 

Тавре аз Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  8-9 апрел дар вилояти Суғд ҳарорати рўзонаи ҳаво паст шуда, 10-15 дараҷаро ташкил медиҳад. 9 апрел дар водиҳои  вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ пастшавии ҳарорати рўзонаи ҳаво то 8-10 дараҷа пешгўӣ мешавад.

8-9 апрел дар ноҳияҳои алоҳида, бо истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шамол бо шиддати то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ин рӯзҳо дар ноҳияҳои доманакўҳ ва кўҳии ноҳияҳои тобеи марказ (Варзоб, Сангвор, Рашт, Нуробод, Файзобод), вилояти Хатлон (Восеъ, Хуросон, Кўлоб, Ховалинг, Муъминобод, Ш.Шоҳин) ва доманакўҳҳои вилояти Суғд (Истаравшан, Панҷакент) эҳтимоли ба вуҷуд омадани сел пешгӯӣ мешавад. Дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, Ёхсў, Қизилсў (ҷанубӣ), Обихингоб, шохобҳои канории дарёи Вахш эҳтимоли якбора баландшавии сатҳи об дар назар аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат тавсия медиҳад, ки дар рӯзҳои боронӣ аз баромадан ба шикор, моҳидорӣ, корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш ва чорводорӣ худдорӣ намоянд. Барои пешгирии садамаҳо дар шоҳроҳҳо, алахусус ҳангоми истифодаи роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо ронандагон бояд тамоми қоидаҳои ҳаракат, хусусан суръати ҳаракат дар роҳро риоя намоянд.

Дар ҳолати рух додани ҳодисаҳои нохуш шаҳрвандон метавонанд ба рақами ягона- 112 ё қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рақами 93 880 28 19 ва 223 13 11 дар тамос шаванд.

 

Апрель 6, 2020 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳқими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?
Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Барномаи сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид
Аз 4 то 7 март дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад