«Аз бемории сироятии коронавирус эмин бошем!» — аксияҳои ҳизбиён дар вилояти Хатлон
ДУШАНБЕ, 18.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ таҳти унвони «Аз бемории сироятии коронавирус эмин бошем!», «Тарзи ҳаёти солимро пеш мегирем!», «Пешгирӣ аз табобат беҳтар аст!» ва ҳоказо дар бозорҳо, муассисаҳои таълимӣ, муассисаву корхонаҳо ва кӯчаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо аксияҳои ҳизбӣ гузаронида шуда, ҳамзамон дар деҳаву маҳаллаҳо бо ҷалби коршиносони варзидаи соҳаи тандурустӣ бо усули «хона ба хона» вохӯриву суҳбатҳо идома доранд. Зимни мулоқот ба сокинон нишонаҳои пайдоиши бемории сироятии коронавирус, роҳҳои пешгирии он, риояи дурусти гигиенаи шахсӣ, моҳияти худдорӣ кардан аз иштирок дар маъракаҳо ва ҷойҳои серодам фаҳмонида мешавад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон хабар доданд.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо фаъолсозии сохторҳои ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти бемории COVID-19 як зумра тадбирҳои муассир роҳандозӣ намуда, дар маҷмӯъ то кунун дар ҳудуди вилоят беш аз 35 ҳазору 135 суҳбату мулоқот доир гардида, зиёда аз 65 ҳазору 692 нафар бо иттилои алоқаманд фаро гирифта шуданд.
Бо таъкид ба иҷрои ҳатмии нишондодҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, ки дар варақаҳои иттилоотӣ ба таври мушаххас ва фаҳмо дарҷ шудаанд, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон 5 ҳазор нусха чунин маводи ранга ва аз тарафи кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо беш аз 43 ҳазор адад миёни роҳгузарон, кормандони сохторҳои гуногун, толибилмону донишҷӯён ва мардуми хонанишин тақсим карда шуданд. Бобати анҷоми саривақтии ин иқдом саҳми ихтиёрони ТҶҶ «Созандагони Ватан» назаррас аст.
Тадбирҳои дигари оммафаҳмонӣ тавассути сомонаи расмии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон (www.hkhdtkhatlon.tj) гурӯҳу саҳифаҳои он ва аз кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳо ва ҳафтаномаи «Ҳамрози халқ» дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба қадри зарурӣ татбиқ гардида истодаанд. Шумораи умумии чунин маводи иттилоотию тавсиявии интернетӣ аз аввали шурӯи иқдомоти марбут ба пешгирии коронавирус ба 330 адад расидааст.
Дар ҳар шумораи нашрияи КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон – «Ҳамрози халқ» бо истифода аз андешаю маслиҳатҳои мутахассисони соҳаи тандурустӣ ду-се матлаби журналистӣ ба табъ мерасанд.








5 ДЕКАБР-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВОЛОНТЁРОН. Бахшида ба ин рӯз дар Душанбе ҳамоиш доир гардид
Дар мавзуи «Эъломияи Куруши Кабир – аввалин Эъломияи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон» конфронс доир шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми рушди малакаҳои касбӣ ва маориф дар Филиппин иштирок намуд
«ЗАН ВА ЗАМОН: 26 СОЛИ МУЗАФФАРИЯТ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ доир шуд
Конференсияи илмӣ-амалӣ ба нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат бахшида шуд
Соҳибкорзанони Тоҷикистон лоиҳаҳои худро дар намоишгоҳи «WomenCup–2025» муаррифӣ намуданд
Масъалаи таҳкими ҳамкории илмӣ байни Тоҷикистон ва Барномаи минтақавии Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Кабк дар Тоҷикистон «Парандаи соли – 2026» интихоб гардид
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Сарфаҷӯӣ ва самаранок истифода бурдани неруи барқ масъулияти ҳар як истеъмолкунанда аст»!
Доир ба афзалияти татбиқи манфиатҳои муҳими Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Хатлон қариб 2 тонна маводи тиббӣ ва дорувории муҳлати истифодааш гузашта нобуд карда шуд
Оид ба нақши муассисаҳои илмӣ ва олии таълимӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд






