БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ. Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба ин мавзӯъ конфронс оғоз гардид

Апрель 14, 2020 14:32

ДУШАНБЕ, 14.04.2020 /. АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Рӯзи илми тоҷик, ки 14 апрел дар саросари мамлакат таҷлил мегардад, имрӯз дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон  (ДДМИТ) бахшида ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040) конфронси илмӣ-назариявӣ оғоз гардид, ки то 18 апрел идома хоҳад кард. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдураҳими Абдуқаҳҳор муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи  ДДМИТ Баҳром Сафаров хабар дод.

Зимни ифтитоҳи он ректори донишгоҳ, дотсент Шукрулло Хайрзода зикр дошт, ки конфронси илмӣ-назариявӣ аз 10 бахш иборат буда, дар он 450 маърӯзаи устодону донишҷӯён баррасӣ мегарданд.

Профессори кафедраи фаъолияти бонкӣ Шариф Раҳимзода дар мавзӯи «Саноатикунонӣ ва модели индустриалӣ-аграрии рушди иқтисодиёт» маърӯза намуда, гуфт, ки рушди саноати миллӣ тадриҷан ба тағйирёбии мунтазами самти ашёи иқтисодии Тоҷикистон хоҳад овард. Дар ин ҷода ҳаҷми содироти ашёи хом коҳиш ёфта, ҳаҷми содироти маҳсулоти тайёр бо арзиши иловашуда меафзояд, ки он ба ғанӣ гардонидани буҷет ва баландбардории сатҳи некӯаҳволии ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. Татбиқи вазифаҳои гузошташуда дар самти саноатикунонии мамлакат на танҳо таъсиси ширкатҳои нави саноатиро дар назар дорад, балки баланд бардоштани самаранокии истеҳсолотро низ тақозо менамояд. Дар баробари ҳалли масъалаҳои инноватсионӣ, андешидани тадбирҳо доир ба коҳишдиҳии арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолнамуда ва хизматҳои расонидашаванда, баландбардории сифати онҳо, афзоиши даромаднокӣ ва фоида ба мақсад мувофиқ мебошанд.

Мудири кафедраи фанҳои табиатшиносӣ, дотсент Одилҷон Улуғов дар мавзӯи «Рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ; омили ташаккулёбии иқтисодиёт» сухан гуфт. Мавсуф зикр намуд, ки вобаста ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон шуданд, ки  ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии насли наврас равона шудаанд. Рушди иқтисодиёти мамлакат аз омилҳои табиӣ вобастагии калон дорад. Инчунин ҳалли бисёр масъалаҳои муҳими муосир, ба монанди истеҳсоли маводи ғизоӣ, доруворӣ ва дигар мавод ба ҷорӣ намудани биотехнология алоқаманд аст. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки новобаста аз мансабу вазифа ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ рӯ оварем.

Бахши аввали конфронс бо саволу ҷавоб ва музокираҳо доир ба мавзӯъҳои баррасишуда ҷамъбаст гардид.

Апрель 14, 2020 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид