БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Аввалин асари риёзӣ оид ба чаҳор амал — ҷамъ, тарҳ, тақсим ва зарб ба қалами Абулҳайсами Табарӣ тааллуқ дорад

Апрель 7, 2020 15:21

ДУШАНБЕ, 07.04.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон гардидани  солҳои 2020-2040 дар ҷомеа ҳамовозӣ пайдо намуд. Дар ин бора  ба АМИТ «Ховар» олимону коршиносон мулоҳизаҳои худро ирсол менамоянд. Номзади илмҳои филологӣ Обидҷон Маҳмудзода аз зумраи онҳост. Ба андешаҳои ӯ дар зер таваҷҷуҳ намоед.

— Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд,  ниёгони шарафманди мо на танҳо дар ташаккули улуми инсонӣ, аз ҷумла адабиёт, таъриху фарҳангшиносӣ, мантиқу фалсафа ва ирфон нақши бузург гузошта, бунёд ва меҳварҳои улуми мазкурро дар тамаддуни башарӣ тарҳрезӣ намудаанд, балки ҷавҳар ва асолати зуҳури бештари илмҳои дақиқ, аз ҷумла риёзиёт, табиатшиносӣ, кимиё, ҷуғрофиё, ҳандаса, тиб ва амсоли ин низ ба номи донишмандони бузурги гузаштаи мо, чун Хоразмӣ, Берунӣ,  Абуалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Абунасри Форобӣ,  Носири Хусрав ва дигарон рабт мегирад, ки ба таъкиди Сарвари давлат, «кашфиёту дастовардҳои илмии онҳо дар фосилаи чандин аср аз тарафи олимони Аврупо ва дигар кишварҳои олам васеъ истифода шудаанд».

Ин мавзӯъ дар таъкидҳои дигари арзишманди Пешвои миллат низ борҳо ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла, дар китоби «Забони миллат- ҳастии миллат» ишорат рафтааст, ки аввалин асари риёзӣ оид ба чаҳор амал — ҷамъ, тарҳ, тақсим ва зарб ба қалами  яке аз донишмандони гузаштаи мо – Абулҳайсами Табарӣ тааллуқ дорад, ки бо номи «Шуморнома» маъруф аст. Ин матлаб ва далелҳои фаровони дигаре, ки ба ибтикороти донишмандони гузаштаи мо дар ҳодаи рушди илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ ишорат мекунанд, худ гувоҳи онанд, ки воқеан ба таъбири Пешвои миллат, «тоҷикони ориёитабор дар саргаҳи инқилобҳои ақлии тамаддуни башарӣ қарор доштаанд».

Аз ин лиҳоз, руҷўи Пешвои миллат ба масъалаи омўзиши амиқи фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ дар навбати аввал ба ҳамин тадбири муҳим пайванд мегирад, ки бояд имрўз олимону донишмандони тоҷик дубора ин мақоми бузурги таърихии илми тоҷикро барқарор созанд ва дар амри расидан ба инқилобҳои илмиву техникӣ ҷойгоҳи пешсафии хешро дигарбора соҳиб шаванд. Вобаста ба ин, Пешвои миллат дар суханронии худ хеле бамаврид изҳор доштанд, ки «ин раванди донишпарварӣ дар садсолаҳои баъдина низ идома ёфта, таҳқиқоти пурарзиш ва осори донишмандони тоҷик имрӯз ҳам аҳамияти таърихиву илмии худро гум накардааст».

Барои расидан ба ин ҳадафи бузург имрўз зарурати таҳкими зербинои донишҳои техникӣ ва ба таъкиду ҳидояти Пешвои миллат ташаккул додани тафаккури техникии насли наврас пеш омадааст. Ин вазифаи  муқаддас дар назди ҳамаи мо, аҳли илму маориф, рисолати бузургу барҷастае мегузорад, то барои мушарраф шудан ба мақсадҳои наҷиб ва ғояву ормонҳои Пешвои миллат аз тамоми иқтидори маънавӣ ва неруи ақлонии хеш барои бунёди фардои ҷомеа истифода намоем. Барои комгорӣ дар ин роҳи ояндасоз ва чароғафрўзи миллати тоҷик имрўз дар кишвари мо тавассути корномаҳои нотакрори маорифпарваронаи Пешвои миллат тамоми шароит фароҳам омадааст. Мо ҳамасола дар ҷараёни сафарҳои кории Пешвои миллат ба шаҳру навоҳии мамлакат шоҳиди ифтитоҳи мактабҳои  замонавӣ ва ҷавобгў ба тамоми ниёзҳои низоми муосири таҳсилот мешавем. Баробари ин, тавре дар суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли зиё низ таъкид шуд, дар даврони Шўравӣ дар мамлакат ҳамагӣ 9 муассисаи олии таълимӣ мавҷуд буда, шумораи умумии донишҷўён қариб 70 ҳазорро ташкил мекард. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ҷумҳурӣ ба 40 адад расида, шумораи муҳассилин беш аз 250 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Бо фароҳам омадани имконият ва шароит тавассути дастгирӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат барои таъсиси ихтисосҳои замонавӣ ва зарурӣ ба низомҳои иқтисодиву иҳтимоӣ, муҳити табиӣ ва шароити кунунии Тоҷикистони соҳибистиқлол иқдомоти шоёне аз сар гирифта шуд, ки имрўз барои соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоии мамлакат мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ омода менамоянд.  Вобаста ба ин, зарурати он пеш омадааст, ки барои истифода аз чунин шароити мусоид дар роҳи тарбияи мутахассисони ҷавобгў ба ниёзҳои замон, ташаккули тафаккури техникии насли наврас талош варзида, чунин имкониятҳоро дар амри иҷрои барномаҳои бузурги давлатӣ дар соҳаи илму маориф босамар амалӣ созем.

Бо ин мақсад, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал нақшаи чорабиниҳоро дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат таҳия ва ба мавқеи иҷро гузоштааст, ки дар меҳвари он роҳу шеваҳои расидан ба ҳадафҳои бузурги эълони Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, ҷалби бештари ҷавонон ба таҳқиқи масоили мубрами улуми мазкур ва аз ин зиёд намудани шумораи олимони соҳибунвони соҳа, боло бурдани сатҳу сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таваҷҷуҳи бештар ба таҳқиқи мавзўоти мубрам ва тозаву таҳқиқнашуда, пайванди илм ба истеҳсолот ва амсоли ин қарор гирифтааст.

Сазовори таъкид аст, ки дар мулоқоти зикршуда аз ҷониби Пешвои миллат ҷиҳати дастгирии ташаббусҳо, дастовардҳо барои тарбияи насли наврас дар самти омўзиши илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзиёт иқдомҳои шоёне манзур шуданд, ки боварии комил дорем, ин корномаҳои маорифпарваронаи  Сарвари  муаззами  мамлакат дар ташаккули тафаккури техникии ҷавонон ва нуфузи ҷойгоҳи улуми табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҷомеаи мо нақши муассир мегузоранд. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҳикистон низ бо истиқболи шоён аз ин ташаббусҳои Пешвои миллат аз тамоми роҳу шева ва имкониятҳо барои расидан ба ин ҳадафҳои наҷиб иқдомоти заруриро роҳандозӣ менамояд. Имрўз дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ барои тақвият ёфтани кори маҳфилҳои илмӣ, озмунҳои ихтироъкориву навоварӣ, таъмини иштироки толибилмону донишҷўён дар озмунҳои фаннии байналмилалӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуда, дастовардҳои онҳо мавриди қадршиносӣ қарор дода мешаванд. Барои анҷоми чунин корҳои муассир тамоми шароити зарурӣ муҳайёст, зеро дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳоло аксари муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ бо лабораторияҳои таълимӣ ва дастгоҳҳои техникӣ, технологияҳои муосир таъмин буда, чунин имконоти хуб дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷиҳати анҷоми тадқиқоти илмӣ барои донишҷўён, магистрантону докторантон низ фароҳам аст.

Дастгирии лоиҳа ва барномаҳои илмии толибилмону донишҷўён ва устодону олимон низ ба унвони яке аз тадбирҳои муҳим ва муассир дар роҳи мусоидат ба иҷрои барномаи рушди илмҳои мазкур мавриди таваҷҷуҳ қарор дода мешавад, ки дар асоси он умедворем силсилаи тадқиқоти бунёдӣ рўи кор омада, натиҷаҳои он ба рушди истеҳсолот, хосса барои дастёбӣ ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатисозии  босуръати  мамлакат мусоидат хоҳанд намуд.

Президенти  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш хеле бамаврид таъкид доштанд, ки «дар даврони соҳибистиқлолӣ маорифпарварӣ яке аз самтҳои меҳварии давлатдории мо буда, рушди илму маориф, омӯзиши техника ва технологияҳои нав, тақвияти неруҳои зеҳнӣ ва ташаккули забони илм дар мақоми авлавият қарор дорад».  Бегумон, ин паёмномаи Пешвои миллат вазифаи муқаддас ва пуршарафи аҳли илму маорифро муқаррар мекунад, зеро рушди илму маориф, омўзиши техника ва технология, тақвияти неруҳои зеҳнӣ танҳо дар заминаи фаъолияти якҷояи самаровари устодону олимон, омўзгорону донишҷўён, ташаббускорӣ, пешниҳоди лоиҳаву барномаҳои ояндасоз ва татбиқи натиҷаҳои онҳо дар илму истеҳсолот, эҷодкорӣ, таҳкими пояҳои моддиву маънавии ташаббусҳои илмӣ, таҳия ва нашри осори илмии ҷавобгӯ ба ниёзҳои замони имрўз  имконпазир мегардад. Боварии комил дорем, ки тамоми аҳли илму маорифи мамлакат бо камоли садоқат аз ин ғояҳо ва андешаҳои созандаи Пешвои миллат ҳамчун раҳнамои хеш дар роҳи расидан ба ҳадафҳои бузурги илмӣ истиқбол намуда, ба он бо ташаббусҳои наҷиб, корномаҳои илмиву эҷодии тозаву нав, талошу кўшишҳои босамар ва муфид посух хоҳанд гуфт. Ин саодату садоқати аҳли илму маориф моро итминон мебахшад, ки дар кӯтоҳтарин фурсат, яъне то замони таҷлили ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳиди пайкорҳои навини илмии онҳо ҳамчун туҳфаҳои маънавиашон ба ҷашни муқаддаси миллат гардем.

Апрель 7, 2020 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо намояндагони барномаи SATREPS ва лоиҳаи JDS вобаста ба тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии илм ва технологияи Ҷопон ҳамкориро густариш медиҳанд
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии байналмилалии Ҷопон ҳамкории илмиро тақвият мебахшанд
Дурнамои рушди ҳамкории илмии Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши корҳои эҷодии магистрантон ифтитоҳ шуд
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Ҷопон бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор мегарданд
НИГОҲЕ БА САНЪАТИ МУСИҚӢ. Ҳамоиши илмию адабӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон
То ҷашни Наврӯз муассисаҳои фарҳангии таъмирталаби шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд навсозӣ мешаванд
Дар Душанбе оид ба назария ва амалияи санъат ва дизайн конференсия доир шуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Волидон ва омӯзгорони ғолибони озмун бо нишони «Аълочии маориф ва илм» ва «Маърифатпарвар» сарфароз гардонида шуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфи соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид