«БИЁ, ЭЙ МОҲРӮ, БО ҲАМ БИРАҚСЕМ!..». Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии рақс

Апрель 29, 2020 11:56

ДУШАНБЕ, 29.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии рақс таҷлил мегардад. Ин рӯз ба ҳамаи намудҳои рақс бахшида шуда, аз соли 1982 бо қарори ЮНЕСКО таҷлил мешавад.

Ҳамсола ин рӯз барои ҳунармандони санъати рақс иди муттаҳидсозии ҳама гуна навъҳои санъати рақсӣ, ба ҳам овардани мардуми сайёра ва ба онҳо додани имкони сухан бо як забон — забони рақс мебошад. Мутаассифона, имсол, ки ҷаҳонро вабои нави COVID-19  фаро гирифтааст, тамоми давлатҳои гирифтор ба ин вирус аз чорабиниҳои худ даст кашиданд. Ҳарчанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сироятёбии бемории каронавирус ба қайд гирифта нашуда бошад ҳам, аммо Ҳукумати мамлакат ба хотири пешгирӣ аз ин навъи вирус ва ҳифзи саломатии аҳолии мамлакат  баргузории тамоми ҷамъомаду ҳамоишҳои оммавиро  манъ намуд.

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пайваста баҳри рушди ин навъи ҳунари асил тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад. Имрӯз санъати рақси тоҷик бо тамоми унсурҳои миллӣ ба дили бинандагони дохилу хориҷи мамлакат роҳ  ёфтаву маҳбуб гаштааст.

Санъати рақс дар таърихи тамаддуни ҳар халқу давлат мақоми арзанда дорад. Маҳз тавассути рақс, новобаста аз тафовути забонӣ ва фарҳангӣ инсонҳо дар ҳама давру замон орзуву омол ва розу ниёзҳои худро ба  забон меоранд. Бешубҳа, дар масири таърих рақс чун қувваи муттаҳидкунандаи воқеии халқу миллатҳои сайёра боқӣ мондаву шинохта шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ рақс ба ҳар минтақа хос аст. Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Раҳмондӯсти Қурбониён мегӯяд, ки “аз ҳамон рӯзе ки худро шинохтаму ба рӯи саҳна омадам, бо рақс сарукор дорам. Медонам, ки рақс аз  чӣ сар мешаваду чӣ гуна тамом мешавад. Ҳама баръало медонем, ки дар давраҳои пеш рақс аз мардҳо сар шудааст. Бояд гуфт, ки рақси тоҷикӣ аз рақси мардона оғоз шудааст, яъне рақси ҷанговарӣ, паҳлавонӣ, рақси шикорчигӣ ва ғайра”.

-Рақси мардона бояд рақси алоҳида бошад, яъне ансамбли алоҳидаи рақси мардона бояд ташкил шавад, ба монанди мардумони Қафқоз, гурҷиҳову озариҳо бояд дар мамлакати мо низ як ансамбли алоҳидаи мардона таъсис ёбад. Ба андешаи ман, мардҳо бояд дар ансамбли занона рақс накунанд, зеро тавре ки ба занон дар саҳна рақс монда мешавад, ба мардҳо ин гуна рақс монда намешавад, -иброз намуд Раҳмондӯсти Қурбониён

Ҳамчунин номбурда афзуд, ки  вақте устод Гурминҷ Завқибеков рақс мекард, аз рақси вай одам ҳаловат мебурд ва дар ҳақиқат маълум буд, ки ин рақси мардона аст. Миллате, ки рақси мардона надорад, фарҳангаш аз замона қафо мемонад.

Масалан, рақси мардуми Қафқоз — лезгинка сабку услуби хоси худро дорад. Лезгинка -ин рақси яккаи мардона (аксар вақт бо шамшер) ва инчунин рақси ҷуфтҳо, яъне зану мард ҳам мебошад. Мард дар рақс уқобро тасвир мекунад ва ба зону афтода, боз мепараду  бо қадамҳои кӯтоҳу қавӣ ва ҳаракатҳои тези дастҳою бадан рақс мекунад. Вақте ки рақс дар ҷуфт анҷом дода мешавад, ҷуфтҳо ба ҳамдигар даст намерасонанд; зан оромона рақс мекунад. Ин рақс имрӯз дар байни ҳамагон мӯд шудааст.

Раҳмондӯсти Қурбониён зикр кард, ки  бо вуҷуди доштани ансамблҳои зиёди рақсиву раққосаи таълимдида ҳоло дар мо рақси якка кам аст.

Имрӯз рақси яккаро Хайринисо Ватанова, Хуршеда Холова ва дигарон хеле  зебо иҷро мекунанд.

Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Ватановаро бисёриҳо бо рақсҳои ҷаззобу дилфиребаш марвориди саҳнаи тоҷик меноманд. Ин бонуи ҳунар чунон бо санъату маҳорати баланд рақс мекунад, ки ҳамагонро дар ҳайрат мегузорад. Ӯ бо хиромон рақсидани худ тавонист рақси яккаро то дараҷае машҳур ва маҳбуби дилҳо гардонад.

Агар дар шаҳри Хоруғ пурсон шавем, ки  рақсҳои беҳтарини халқиро кӣ иҷро кардааст, бешак, бисёриҳо аз  Заррагул Искандарова чун раққосаи беҳтарин ном мебаранд.

Тавре санъаткори асил Ҷобир Хубоншоев зикр  кард, рақс дар иҷрои ӯ ҳамеша услуби хоси худро дошт. Заррагул Искандарова бо рақсҳояш зиндагӣ мекард, вай рақси худро тавре иҷро мекард, ки ҳамагон дар он зебоии рақсҳои халқиро медиданд.

Ба ақидаи Ҷобир Хубоншоев, имрӯзҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шумораи раққосони халқӣ кам мондааст. Агар қаблан рақсҳои зебои бадахшонӣ на танҳо аз ҷониби мутахассисон, балки мардуми одӣ низ иҷро мешуданд, ҳоло дар рақсҳои ҷавонон унсурҳои рақсӣ аз дигар минтақаҳою халқҳо дида мешаванд.

Фарҳангшинос Дилшод Раҳимӣ иброз медорад, ки “рақс як навъи фаъолияи фарҳангии инсон аст. Дар фарҳанги халқи тоҷик намунаҳои рақс зиёданд, агар ба таҳқиқу омӯзиши муҳаққиқону  фарҳангшиносон назар афканем, миллати тоҷик зиёда аз 100 намунаи рақсро доро буд, аммо мутаассифона, имрӯз шумораи ками он боқӣ мондааст. Имрӯз аз хурд то бузург ҳама дӯстдори рақс ҳастанду машғул ба он. Аммо рақси касбӣ бояд аз ҳама гуна рақс тафовут дошта бошад ва дар он тамоми талабот риоя гардад. Имрӯз мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки на ҳама раққос ва раққосаҳои мо ҳирфаӣ ҳастанд”.

Миёни тоҷикон ҳунармандон, ҳофизон ва раққосаҳои хуб хеле зиёданд, зеро миллати тоҷик дорои фарҳанги қадимӣ ва санъати бой мебошад. Санъати рақсии тоҷикон  ҳамеша дар ҳоли рушду инкишоф буда, ба мисли конест, ки ганҷи он тамом намешавад.

Тавре шоир мегӯяд:

Биё, эй  моҳрӯ, бо ҳам бирақсем,
Ки дорам орзу бо ҳам бирақсем.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Апрель 29, 2020 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 570-солагии Камолиддини Беҳзод конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар маҷаллаи фарҳангӣ–иттилоотии «ЭКО-нома» фарҳангу ҳунари Тоҷикистон муаррифӣ шудааст
Ба зиёда аз 28 ҳазор хонаводаи шаҳри Бохтар китоби «Шоҳнома» тақдим мегардад
Иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»: «Озмун сабқате ба манфиати ҷомеа, давлат ва миллат аст»
4 лоиҳаи ҳифзи мероси фарҳангии Тоҷикистон аз ҷониби Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи мерос дастгирӣ ёфт
Бахшида ба баргузории Муколамаи занони Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ доир шуд
Бахшида ба 570-солагии Камолиддини Беҳзод конференсияи байналмилалӣ баргузор мегардад
Аъзои ҲХДТ намоиши «Достони Сиёвуш»-и «Шоҳнома»-ро тамошо намуданд
Байни китобхонаҳои миллии Тоҷикистон ва Туркия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҳайати ҳунарии Театри давлатии академии опера ва балет дар Операи Рим ҳунарнамоӣ менамояд
ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 3 миллион нусхаи чопӣ нигоҳдорӣ мешавад
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Тоҷикистон сабадбофӣ бо шакли муосир рушд меёбад