Бонки миллӣ: Фаъолияти оператори низоми пардохтии BLIZKO қатъ гардид

Апрель 22, 2020 11:02

ДУШАНБЕ, 22.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти оператори низоми пардохтии BLIZKO қатъ карда шуд.

Иҷозатномаи оператори низоми пардохтии BLIZKO аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон моҳи апрели соли гузашта ба Бонки тиҷоратии байниминтақавии рушди алоқа ва иттилоот дода шуда буд, ки дар асоси аризаи хаттии иҷозатномадор бозхонд гардидааст.

Бонки миллии Тоҷикистон  хабар медиҳад, ки мутобиқи қарори мазкур Идораи низоми пардохт вазифадор гардид, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ оид ба тағйироти мазкур сабти дахлдор ворид намояд.

Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти оператори низоми  пардохти BLIZKO  мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қатъ карда шуд.

Апрель 22, 2020 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд