«Бонуи Пик» -дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балет

Апрель 16, 2020 08:30

ДУШАНБЕ, 16.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. 19 апрел, соати 18:00, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ спектакли навро бо номи «Бонуи Пик» манзури ҳаводорони санъати театрӣ мегардонад.

Тавре аз Театри  мазкур  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, намоиши мазкур ба ҷашни 180-солагии композитори рус Пётр Чайковский бахшида шудааст. «Бонуи Пик» дар заминаи сиёсати фарҳангии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баргардонидани шуҳрати ҷаҳонии санъати опера ва балети тоҷик таҳия шуда, ба талабот ва завқи бинандаи имрӯз созгор аст.

Коргардон-таҳиягари намоиш Суҳроб Усмонов, рассом Ҷамшед Юнусов, дирижёр Анвар Шоймуродов ва хормейстер Елена Тиллоева мебошанд.

Дар намоиш нақшҳоро  ҳунармандони касбӣ Манучеҳр Раҳмонов, Сайфулло Юсупов, Достон Холов, Содиқ Нуруллоев, Нарзулло Болтуев, Қурбон Зокиров, Комрон Содиқов, Амонуллои Нурулло, Пайрав Аюбов, Ҷамшед Саидов, Шуҳрат Сафаров, Сафар Салихов, Такуи Арутюнян, Ангелика Тиман, Шарофат Усмонзода, Манижа Назарова, Макнуна Хайруллозода, Мария Мирзоева ва Мунзифа Исоева иҷро мекунанд.

Операи «Бонуи Пик» дар асоси романи машҳури Александр Пушкин тавассути композитори машҳур Пётр Чайковский эҷод шудааст. Чайковский «Бонуи Пик»-ро хеле дӯст медошт ва онро шоҳкор меномид. Опера аввали баҳори соли 1890 дар Флорентсия навишта шуда, оҳиста-оҳиста ба репертуари бисёр театрҳои Аврупо ва Амрико ворид гардидааст. Онро то имрӯз дар театрҳои калони шаҳрҳои Москва, Прага, Вена, Ню-Йорк, Лондон ва ғайраҳо бо забонҳои гуногун ба саҳна гузоштаанд.

Апрель 16, 2020 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ЧИН ДАР ТОҶИКИСТОН. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат барномаи фарҳангӣ доир шуд
«МАВЛОНО ВА ТАМАДДУНИ ИНСОНӢ». Ин китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ сазовори ҷойи якум гардид
Байни АМИТ «Ховар» ва Агентии иттилоотии «S.P.A»-и Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилоот ба имзо расид
Дар Эрон Фестивали байналмилалии «Фаҷр» баргузор гардид
Сокинони шаҳри Бӯстон соҳиби туҳфаи арзандаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ мегарданд
Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин ифтитоҳ шуданд
Ҳайати ҳунарии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуд
Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия бо мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос шуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ меёбанд
Туҳфаи арзандаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба 60 ҳазор оилаи шаҳри Панҷакент тақдим мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин доир мегарданд