Боронҳои башиддати шабонарӯзи гузашта сабаби болоравии сатҳи оби дарёҳои Тоҷикистон гардиданд
ДУШАНБЕ, 14.04. 2020. /АМИТ «Ховар»/. Бориши боронҳои шадиди шабонарӯзи гузашта сабаби болоравии сатҳи оби дарёву каналҳо шуда, сокинони мамлакатро ба изтироб овард. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Давоми шабонарӯзи гузашта дар дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ ва Обихингоб, ҳамчунин дар рӯдхонаҳои воқеъ дар қаторкӯҳҳои Ҳисор болоравии сатҳи об мушоҳида шуд.
13 апрел дар натиҷаи боронҳои шадид сатҳи оби дарёи Хонақоҳ аз меъёр баланд шуда, хавфи зери об мондани хонаҳои истиқоматӣ ва заминҳои кишти сокинони деҳаи Афғонободи Ҷамоати деҳоти Сомонии шаҳри Ҳисорро зиёд кард.
Барои пешгирӣ аз офати табиӣ ба минтақаи хатарнок гурӯҳи корӣ ҷиҳати роҳандозии корҳои пешгирӣ аз хатар бо ҷалби техника равона карда шуд.
«Ҳамаи воҳидҳои Кумиат ба меъёри тақвиятёфтаи фаъолият гузаштанд, ки сабаби ин боронҳои пуршиддат ва эҳтимоли сар задани ҳолатҳои фавқулода дар ҳар гӯшаи мамлакат аст. Наҷотдиҳандагони Кумита дар роҳҳои асосии кӯҳӣ, бахусус дар роҳҳои «Душанбе – Айнӣ» ва «Душанбе — Ванҷ» шабонарӯзӣ навбатдорӣ мекунанд», — омадааст дар иттилоияи Кумита.
Ёдовар мешавем, ки хатари болоравии сатҳи об дар каналу дарёҳои мамлакат то 17 апрел боқӣ мемонад.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки дар чунин рӯзҳои сербориш худ ва атрофиёнашонро эҳтиёт кунанд.








Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд






