COVID-19 ДАР ҶАҲОН. Дар ИМА шумораи гирифторони коронавирус беш аз 400 ҳазор гардид

Апрель 8, 2020 08:50

ДУШАНБЕ, 08.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ИМА шумораи шахсони гирифтор ба намуди нави коронавируси COVID-19 давоми шабонарӯзи гузашта 33 ҳазору 331 нафар зиёд шуда, дар маҷмӯъ ба 400 ҳазору 412 нафар расид. Аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, ИМА дар ҷои аввал қарор дорад. Ҳамчунин шумораи беморони шифоёфта ва фавтида дар Иёлоти Муттаҳида мутаносибан 21 ҳазору 674 нафар ва 12 ҳазору 854 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Мувофиқи маълумоти СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон 1 миллиону 431 ҳазору 706 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 82 ҳазору 80 нафар вафот карда, 302 ҳазору 150 кас шифо ёфтаанд ва 47 ҳазору 894 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ба ҷуз аз ИМА ҳамчунин Испания (141 942 нафар), Италия (135 586), Франсия (109 069), Германия (107 663), Чин (81 802), Эрон (62 589), Британияи Кабир (55 242), Туркия (34 109) ва Швейтсария (22 253) дохил мешаванд.

Аз ҳама бештар дар Чин — 77 279 нафар, Испания – 43 208, Германия – 36 081, Эрон – 27 039, Италия – 24 392, ИМА – 21 674, Франсия – 19 337, Швейтсария – 8 704, Кореяи Ҷанубӣ – 6 776 ва Белгия – 4 157 нафар беморон шифо ёфтаанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, Италия (17 127 нафар), Испания (14 045), ИМА (12 854), Франсия (10 328), Британияи Кабир (6 159), Эрон (3 872), Чин (3 333), Нидерланд (2 101), Белгия (2 035) ва Германия (1 810) дохил мешаванд.

СУТ, ки 11 март хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда буд, имрӯз дар бораи беш аз 205 кишвару ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Апрель 8, 2020 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид