COVID-19 ДАР ИДМ. Дар Россия 954 ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавирус ошкор шуда, шумораи онҳо ба зиёда аз 6,3 ҳазор расид

Апрель 6, 2020 13:30

ДУШАНБЕ, 06.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Россия давоми шабонарӯзи гузашта 954 ҳолати нави сироятёбӣ аз навъи нави коронавируси COVID-19 ошкор шуда, шумораи онҳо ба 6343 нафар расид. Ҳамзамон шумораи беморони шифоёфта ва фавтида низ дар ин давлат афзуда, мутаносибан 406 ва 47 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Ҳамчунин дар Украина ва Арманистон низ шумораи нафарони гирифтор ба коронавирус 11-ҳолатӣ афзоиш ёфта, мутаносибан ба 1319 ва 833 нафар расид. Дар ҳарду давлат теъдоди беморони фавтида низ 1-ҳолатӣ зиёд шуда, дар Украина 38 нафар ва дар Арманистон 8 кас вафот карданд. Дар Арманистон шумораи беморони шифоёфта ба 62 нафар расида, дар Украина бетағйир – 28 нафар боқӣ мемонад.

Қаблан теъдоди мубталоён дар Россия 5389 нафар, Украина – 1308 ва Арманистон — 822 нафар буд.

Дар дигар давлатҳои ИДМ, аз ҷумла дар Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон ва Ӯзбекистон шумораи шахсони гирифтор ба COVID-19 бетағйир боқӣ монда, мутаносибан 562, 584, 216, 864, 584 ва 390 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон то ин дам дар Беларус 53 нафар, Қазоқистон — 45, Қирғизистон — 33, Молдова — 30, Озарбойҷон — 32 ва Ӯзбекистон – 30 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.

Илова бар ин, дар Молдова  15 ҳолат, Беларус — 8, Озарбойҷон – 7, Қазоқистон — 6, Қирғизистон – 4 ва Ӯзбекистон — 2 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус тасдиқ гардид.

Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя низ шумораи мубталоён ба коронавирус бетағйир боқӣ монда, 367 нафарро ташкил медиҳад, ки 17 нафари онҳо шифо ёфта, 7 тани дигар вафот кардаанд.

Мувофиқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 1,2 миллион нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора  зиёда  аз 69 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 265 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 45 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (336 851 нафар), Испания (131 646), Италия (128 948), Германия (100 123), Франсия (92 839), Чин (81 708), Эрон (58 226), Британияи Кабир (47 806), Туркия (27 069) ва Швейтсария (21 176) дохил мешаванд.

СУТ, ки 11 март хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда буд, имрӯз дар бораи беш аз 205 кишвару ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

АКС аз Валерий Шарифулин/ТАСС

Апрель 6, 2020 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»