COVID-19. Теъдоди беморони гирифтор ба коронавирус дар ҷаҳон ба беш аз 3 миллион нафар расид

Апрель 27, 2020 15:10

ДУШАНБЕ, 27.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 ба 3 миллиону 6 ҳазору 105 нафар расида, аз онҳо 883 ҳазору 216 кас шифо ёфтаанд ва 207 ҳазору 265 тан вафот кардаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Аз шумораи умумии сироятшудагон дар ҷаҳон 1 миллиону 285 ҳазору 560 нафар ба Аврупо рост меояд, ки аз ин теъдод 122 ҳазору 100 нафар вафот карда, 439 ҳазору 917 кас шифо ёфтаанд. Дар Аврупо аз ҳама бештар дар Испания ҳолатҳои сироятёбӣ тасдиқ гардида, дар он 226 ҳазору 629 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд. Аз ин теъдод 117 727 нафар табобат шудаанд ва 23 190 кас вафот кардаанд.

Баъд аз он Италия аст, ки дар он ҷо 197 ҳазору 675 ҳолат сиротяёбӣ сабт шуда, 26 ҳазору 644 нафар фавтидаанд ва 64 ҳазору 928 кас шифо ёфтаанд.

Дар Франсия, Германия ва Британияи Кабир низ беш аз 100 ҳазор нафарӣ сироят ёфта, шумораи умумии беморон дар онҳо мутаносибан 162 100, 157 770 ва 152 840 нафарро ташкил медиҳад. Дар Франсия 22 856 нафар, Германия – 5 976 ва Британияи Кабир – 20 732 вафот кардаанд. Дар Франсия ва Германия мутаносибан 44 903 ва 114 500 нафар сиҳат гардида, доир ба ин нишондоди Британияи Кабир маълумот оварда нашудааст.

Дар Россия 87 147 ҳолат, Белгия – 46 134, Нидерланд – 37 845, Швейтсария – 29 061 ва Португалия – 23 864 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар Россия 794 нафар, Белгия – 7 094, Нидерланд – 4 475, Швейтсария – 1 610 ва Португалия – 903 нафар беморони гирифтор ба коронавирус вафот кардаанд. Дар Россия, Белгия, Швейтсария ва Португалия мутаносибан 7 346, 10 785, 21 800 ва 1 329 нафар табобат шудаанд.

1 миллиону 65 ҳазору 973 нафари мубталоён дар кишварҳои Америкаи Шимолӣ сабт гардида, аз ин теъдод 60 014 нафар фавтидаанд ва 147 312 кас шифо ёфтаанд. Дар ин минтақа аз ҳама бештар дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус дар ҷаҳон низ ҷои аввал қарор дорад, ба қайд гирифта шуда, 987 ҳазору 322 ҳолат тасдиқ гардидааст. Теъдоди фавтидагон дар он 55 ҳазору 415 нафар ва шумораи шифоёфтагон 118 ҳазору 781 касро ташкил медиҳад.

Ба панҷгонаи давлатҳои серсирояти ин минтақа ба ҷуз аз ИМА ҳамчунин Канада (46 895 сироят, 2 560 фавт ва 17 321 шифоёбӣ), Мексика (14 677, 1,351 ва 8 354), Ҷумҳурии Доминикан (6 135,  278 ва 910) ва Панама (5 779, 165 ва 369) шомил мешаванд.

Тақрибан ним миллион беморони гирифтори COVID-19 ба Осиё рост омада, 474 ҳазору 581 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 17 298 ҳолати фавт ва 228 734 мавриди шифоёбӣ мебошанд. Дар миёни давлатҳои ин минтақа дар Туркия теъдоди ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус бештар аз 100 ҳазор буда, 110 ҳазору 130 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи ҳолатҳои фавт ва шифоёбӣ дар он мутаносибан 2 805 ва 29 140 нафар мебошад.

Баъд аз Туркия осебпазиртарин давлати Осиё Эрон мебошад, ки дар он шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ 88 ҳазору 194 нафарро ташкил дода, аз онҳо 5 ҳазору 574 нафарашон вафот кардаанд ва 69 ҳазору 657 кас шифо ёфтаанд.

Ба қатори давлатҳои Осиё, ки дар онҳо бештар аз 10 ҳазор нафар сироят ёфтаанд, Чин (82 830 нафар), Ҳиндустон (27 977), Арабистони Саудӣ (17 522), Исроил (15 466), Сингапур (14 423), Япония (13 441), Покистон (13 328), Кореяи Ҷанубӣ (10 738), Амороти Муттаҳидаи Араб (10 349) ва Қатар (10 287) дохил мебошанд.

Дар миёни давлатҳои Осиё то имрӯз дар Тоҷикистон, Туркманистон ва Кореяи Шимолӣ ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Америкаи Ҷанубӣ, Африқо ва Уқёнусия мутаносибан 138 255, 32 725 ва 8 290 ҳолати сироятёбӣ тасдиқ шудааст. Дар Америкаи Ҷанубӣ 49 664, Африқо — 10 106 ва Уқёнусия – 6 838 нафар шифо ёфта, дар онҳо 6 309, 1 427 ва 102 кас вафот кардаанд.

Дар миёни давлатҳои Америкаи Ҷанубӣ, аз ҷумла дар Бразилия (63 100 нафар), Перу (27 517), Эквадор (22 719), Чили (13 331), Колумбия (5 379) ва Аргентина (3 892) бештар ҳолатҳои сироятёбӣ ошкор гардидааст.

То имрӯз дар Бразилия 30 152 нафар, Перу – 8 088, Эквадор – 1 366, Чили – 7 024, Колумбия – 1 133 ва Аргентина – 1 107 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.

Илова бар ин, дар Бразилия 4 286 нафар беморони гирифтор ба коронавирус, Перу – 728, Эквадор – 576, Чили – 189, Колумбия – 244 ва Аргентина – 192 нафар фавтидаанд.

Даҳгонаи давлатҳои африқоӣ, ки ҳолатҳои бештари сироятёбиро тасдиқ кардаанд, аз Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (4 546 нафар), Миср (4 534), Марокаш (4 115), Алҷазоир (3 382), Камерун (1 621), Гана (1 550), Нигерия (1 273), Кот-д’Ивуар (1 150)  ва Ҷибутӣ (1 023) иборат мебошанд.

Дар Уқёнусия  Австралия (6 720 нафар), Зеландияи нав (1 469) Полинезияи Франсия (57), Фиҷи (18), Каледонияи нав (18) ва Папуа Гвинеяи нав (8) ба қайд гирифта шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда,  имрӯз дар бораи 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

АКС аз «Daily Mirror»

Апрель 27, 2020 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода