Дар Боғи Камоли Хуҷандӣ корҳои тозаю тамизгардонӣ гузаронида шуданд
ДУШАНБЕ, 27.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Масъулини гурӯҳи махсуси назорати карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд корҳои тамизгардонӣ гузарониданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тибқи дастури роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ, бо мақсади пешгирии паҳншавии ҳар гуна касалиҳои сироятӣ шуъбаву гурӯҳҳои махсуси карантинии милитсияи ВКД барои тамизгардонии (дезинфекцияи) ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла боғҳои истироҳатӣ масъул гардонида шудаанд. Мутахассисон атрофи боғ, роҳраву гулгаштҳо ва майдончаҳои истироҳатиро пурра бо маҳлулҳои биохимикӣ тоза намуданд.
Корҳои пешгирикунандаи тамизгардонӣ дар ҳудуди ҳамаи боғҳои истироҳатии шаҳри Хуҷанд-Наврӯзгоҳ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, маҷмааи фароғатии Исмоили Сомонӣ гузаронида шуда, минбаъд дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ ба роҳ монда мешаванд.








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






