Дар Деваштич Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 12.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи марказии кӯдаконаи ноҳияи Деваштич Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Тараннумгари сухан» баргузор шуд.
Дар фестивал намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич, масъулони клубу китобхонаҳо, шоирон, навқаламон, омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.
Кӯдакон, наврасон ва ҷавонон аз ашъори шоирон шеърҳо дар васфи китоб, модар, Ватан, устод бо ҳисси баланди ватандӯстӣ қироат намуданд.
Тавре аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич хабар доданд, мақсад аз баргузории фестивал баланд бардоштани қадру манзалати китоб дар ҷомеа, ҷалби кӯдакону наврасон ба хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ ва пайгири намудани анъанаи пурарзиши китобдӯстӣ мебошад.
Фестивалро барномаи консертии ҳаваскорони ноҳия шукӯҳу шаҳомати хосса бахшид. Ғолибони озмун бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бахши фарҳанги ноҳия сазовор гардиданд.








Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Моҳи апрел даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд






