Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 19.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён дорад.
Тавре аз донишгоҳи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар озмун 90 нафар донишҷӯёни факултетҳо ва хонандагони гимназияи назди донишгоҳ иштирок намуда, донишҷӯёни арзанда ба даври шаҳрӣ роҳхат мегиранд.
Дар ҷамъомад ректори донишгоҳ Сайфиддин Давлатзода зикр дошт, ки мақсад аз баргузор кардани озмун дарёфти истеъдодҳои нав, тақвияти донишу ҷаҳонбинӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ва аҳли ҷомеа ба китобу китобхонӣ мебошад.
«Дарвоқеъ, озмуни мазкур аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳамовозии амиқ пайдо намуда, теъдоди иштирокчиён нисбат ба соли гузашта афзудааст. Боварии комил дорам, ки устодону донишҷӯён ва хонандагони гимназияи назди донишгоҳ дар ҳамаи даврҳои озмун фаъолона иштирок намуда, ба ҷойҳои намоён шарафёб мешаванд», — гуфт С. Давлатзода.
Раиси комиссияи ҳакамон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳасан Муродиён иброз намуд, ки ташкил ва баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ташаккули худшиносиву худогоҳии ҳар фарди ҷомеа таъсири амиқ расонида, инсонро ба сӯйи саодату некбахтӣ мебарад. Имсол шумораи иштирокчиёни озмун дар даври аввал хеле зиёд гардида, боварӣ дорам, ки омодагии онҳо барои иштирок низ беҳтар шудааст.








Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






