Дар Душанбе таҳти унвони «Саҳми ҷавонон дар пешгирӣ аз коронавирус» семинар баргузор гардид

Апрель 16, 2020 11:45

ДУШАНБЕ, 16.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дирӯз дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (ДАТ) ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур таҳти унвони «Саҳми ҷавонон дар пешгирӣ аз коронавирус» миёни ҷавонон, аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва волонтёрон семинар баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ хабар медиҳад.

Ҳадаф аз баргузории семинар, ки дар он доир ба мавзӯъҳои «Пайдоиш ва ҳолати сироятёбии бемории вируси COVID–19 дар ҷаҳон», «Муҳимтарин амалҳои пешгирӣ аз сироятёбии коронавирус» ва «Саҳми ҷавонон дар пешгирӣ аз коронавирус» маърӯза карда шуд, баланд бардоштани маърифати гигиенӣ, нақши ҷавонон дар пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва тақвияти донишу малака нисбат ба муҳимтарин амалҳо баҳри пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус мебошад.

Дар семинар муовини ректори ДАТ оид ба корҳои тарбиявӣ Искандар Самандаров, табиби сироятшинос аз Беморхонаи сироятии кӯдаконаи шаҳри Душанбе Ифтихор Мирзода, мудири кафедраи микробиология ва эпизоотологияи ДАТ Маҳмадулло Шарипов ва намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Хайём Амонов ва Ҷасур Раҳмонов иштирок доштанд.

Ифтихор Мирзода доир ба роҳҳои пешгирӣ аз коронавирус зикр намуд, ки ин вирус тамоми ҷомеаи ҷаҳонро фаро гирифтааст ва новобаста аз синну сол метавонад ба ҳама таҳдид кунад. Номбурда ҳамчунин аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки эҳтиёткор бошанд ва тавсияҳои табибонро доир ба гигиенаи шахсӣ ҳамарӯза риоя намоянд.

Маҳмадулло Шарипов диор ба пайдоиш ва ҳолати сироятёбии вируси мазкур дар мамлакатҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ иттилоъ дод, ки ин вирус бори аввал соли 1965 пайдо шуда, соли 1975 коронавирус ном гирифтааст.

«Ин вирус дар шакли имрӯзааш охири моҳи декабри соли 2019 дар яке аз бозорҳои шаҳри Вуҳани Чин хуруҷ карда, то имрӯз саросари дунёро фаро гирифт», — гуфт мудири кафедраи микробиология ва эпизоотологияи ДАТ

Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки нисбат ба ин беморӣ ҳамеша бояд ҷиддӣ бошем ва ҳарчи бештар ба гигиенаи шахсӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоем.

Ёдрас мешавем, ки имрӯз мувофиқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 ба 2 миллиону 83 ҳазору 607 нафар расида, теъдоди шифоёфтагон 510 ҳазору 632 кас ва фавтидагон 134 ҳазору 666 танро ташкил медиҳад.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (644 089 нафар), Испания (180 659), Италия (165 155), Франсия (147 863), Германия (134 753), Британияи Кабир (98 476), Чин (82 341), Эрон (76 389), Туркия (69 392) ва Белгия (33 573) дохил мешаванд.

Аз ҳама бештар дар Чин — 77 892 нафар, Германия  – 72 600, Испания – 70 853, Эрон – 49 933, ИМА – 48 708, Италия – 38 092, Франсия – 30 955, Швейтсария – 15 400, Бразилия – 14 026 ва Канада – 8 979 нафар беморон шифо ёфтаанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (28 529 нафар), Италия (21 645), Испания (18 812), Франсия (17 167), Британия Кабир (12 868), Эрон (4 777), Белгия (4 440), Германия (3 804), Чин (3 342) ва Нидерланд (3 134) дохил мешаванд.

СУТ имрӯз дар бораи 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

АКС аз КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Апрель 16, 2020 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад