Дар Хатлон дар моҳҳои аввали соли 2020 истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Апрель 14, 2020 10:58

БОХТАР, 14.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон моҳҳои охир ҳаҷми исетҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд шуда, маҷмӯи маҳсулоти умумӣ дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2019  105,1% афзун  шудааст, иттилоъ медиҳад идораи омори вилоят.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар семоҳаи аввали соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ  565 миллиону 735 ҳазору 400 сомониро (бо нархҳои қиёсшаванда) ташкил дод. Аз ҷумла, дар соҳаи растанипарварӣ  он ба 12 миллиону  250 ҳазор сомонӣ, дар чорводорӣ  ба 553 миллиону  485 ҳазору 300 сомонӣ расидааст.

«Дар муддати се моҳ дар вилоят  дар  ҳамаи шаклҳои идоракунӣ 1967 тонна сабзавот истеҳсол шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2019  2,3 маротиба зиёд аст»,- гуфт  манбаъ.

То 1 апрел дар вилоят гармхонаҳо дар масоҳати 33,8 гектар  фаъолият намуданд, ки дар онҳо  истеҳсоли  336,9 тонна сабзавот, аз ҷумла, 231,1 тонна помидор, 34,7 тонна бодиринг, 89,1 тонна маҳсулоти дигари парвардахонаӣ ба роҳ монда шудааст.

«Бо мақсади татбиқи Барномаи рушди боғдорӣ дар соли 2020 бунёди боғу токзори нав дар масоҳати 1126,0 гектар пешбинӣ шудааст. Татбиқи  барнома  51,8% -ро ташкил дод, ки 376 гектари он  аз заминҳои лалмӣ иборат аст. Илова бар ин, 290,5 гектар боғу токзори кӯҳна  барқарор крада шуданд»,- хабар доданд аз Раёсати кишоварзии вилояти Хатлон.

АКС аз бойгонӣ

Апрель 14, 2020 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд