Дар ИМА миқдори рекордии фавт аз коронавирус дар як шабонарӯз ба қайд гирифта шуд

Апрель 3, 2020 11:38

ДУШАНБЕ, 03.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷонс Хопкинс, шумораи фавтидагон аз коронавирус дар ИМА рӯзи панҷшанбе ба 5926 нафар расид.

Агентии “Франс Пресс” бо истинод ба ҳисобҳои худ гузориш медиҳад, ки ҳамин тавр дар ИМА тӯли 24 соат 1119 нафар аз сирояти коронавирус фавтиданд.

Ин теъдоди зиёдтарини фавти коронавирус дар як шабонарӯз дар як давлат аст.

“Рекорд” -и қаблӣ ба Италия тааллуқ дошт,  дар ин ҷо 27 март 969 фавт ба қайд гирифта шудааст.Донишгоҳ доираи васеи оморро аз сарчашмаҳои расмӣ ва ВАО ҷамъ менамояд.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ  11 март хуруҷи сирояти нави коронавируси COVID-19-ро  пандемия эълон кард.

Тибқи охирин маълумоти СУТ,  дар ҷаҳон беш аз 900 ҳазор ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда,   зиёда аз 45 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд.

АКС аз AFP  

Апрель 3, 2020 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн