Дар Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазир Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода машварати корӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 20.04.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар машварати корие, ки дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода доир гардид, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Дар машварат ҳамзамон вусъатбахшии иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самаранок ба роҳ мондани маъракаи кишту корӣ баҳорӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар машварат Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Амонулло Салимзода, раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода, кормандони дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсату шуъбаҳо, корхонаву ташкилот, соҳибкорон, директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони хоҷагиҳо ва маҳаллаҳои шаҳри Ҳисор иштирок доштанд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи корҳои бунёдкорию ободонӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 600 иншооти таъиноти гуногун ба истифода дода мешаванд. Дар раванди ободонию бунёдкорӣ аз ҷониби соҳибкорони шаҳр низ иншооти дорои таъйиноти гуногуни иҷтимоию маишӣ, аз қабили бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои хизматрасонӣ, толорҳои варзишӣ, кошонаҳои ҳусн, ҳаммом, нуқтаи савдо ва шустушӯи нақлиёт ва инчунин синфхонаҳои иловагӣ бунёд гардидаанд, ки дар баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ нақши муассир мегузоранд
Сокинони шаҳри Ҳисор дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дучанд меҳнат намуда, дар раванди корҳои созандагию ободонӣ дар ҷамоатҳои деҳот саҳми гузошта, ният доранд ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол гиранд.








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






