Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист доир ба пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ҳамоиш баргузор гардид

Апрель 15, 2020 16:42

ДУШАНБЕ, 15.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. 14 апрел дар дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кормандони мақомоти мазкур бо намояндагони  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пешгирии интиқоли сирояти коронавирус  баргузор гардид.

Тавре аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ мутахассисони шуъбаи профилактикии Муассисаи давлатии  Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат  Музаффар Нарзуллев ва Бахтовар Комёбов дар мавзӯи «Худ ва дигаронро аз сирояти коронавирус ҳифз намоед»   ибрози назар намуда, доир ба роҳҳои пешгирӣ аз бемории COVID-19  маълумот доданд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки хушбахтона, то имрӯз  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, вале ин маънои онро надорад, ки мо нисбат ба ҳифзи саломатии худу атрофиён аз ин хатари глобалӣ бетарафӣ зоҳир намоем. Бояд мо ҳарчи бештар корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ пурзӯр намоем, то шаҳрвандон ба ҳар гуна хабарҳои беасос дода нашаванд. Аз ин рӯ аҳолии ҷумҳуриро зарур аст, ки танҳо ба иттилооти расонаҳои давлатӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ такя намоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси супориши  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2020 ҷиҳати амалӣ намудани Нақшаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои эпидемикӣ дар давраи пандемияи сирояти коронавирус COVID-19 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти нақшаи чорабиниҳои ситоди идоравӣ ташкил шуда,  дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.

Апрель 15, 2020 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд