Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 42 гектар боғи нав бунёд шуд
ДУШАНБЕ, 02.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи ободонӣ ва сабзазоркунӣ бо ибтикори бахши ҳифзи муҳити зисти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов то имрӯз дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 5247 бех ниҳолҳои сояафкану ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шудаанд. Аз он 3107 бех навниҳоли ардач, 2108 бех навниҳоли санавбар ва 32 бех ниҳоли кипарис мебошанд.
Тавре масъули шуъбаи кор бо ВАО-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Азиз Набиев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Шарифзода хабар дод, дар маъракаи сабзазоркунӣ соли равон зиёда аз 39 000 адад гулҳои ороишӣ, аз ҷумла 15000 адад гули виола, 12000 адад гули садбарг ва 12000 тухми лола ва ҳамзамон баҳри дар оянда зиёд намудани дарахтони сояафкану гулҳои ороишӣ зиёда аз 12 400 адад қаламчаи сафедор ва 8200 адад қаламчаи гули садбарг низ шинонида шуданд.
Инчунин дар доираи иҷрои Барномаи давлатӣ оид ба бунёд ва азнавбарқароркунии боғу токзор дар ноҳия то охири моҳи март 45 га боғ барқарор ва дар майдони 42 га боғҳои нав бунёд карда шуда, ҳамзамон дар майдони 1403,04 га боғу токзор тибқи талаботи муайяншуда корҳои агротехникӣ, аз ҷумла, буриши санитарии боғ дар масоҳати 1243 га, коркарди кимиёвии боғ дар 347 га, буриши санитарии токзор дар 59 га, коркарди кимёвии токзор дар 28 га ба анҷом расонида шуданд.








Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд






