Дар ноҳияи Ҷайҳун бар асари истеъмоли занбурӯғ 3 кӯдаки ноболиғ фавтиданд
ДУШАНБЕ, 22.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон бар асари истеъмоли занбурӯғ аз як оила 3 кӯдаки ноболиғ заҳролуд шуда, дар беморхонаи марказии ноҳия фавтидаанд.
Тавре ҷонишини сардухтур оид ба корҳои табобатии Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун Аҳлиддин Бозоров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, ноболиғон Нигора Ҳомидова, соли таваллудаш 2010, Нозанин Ҳомидова, соли таваллудаш 2012, Басонат Ҳомидова, соли таваллудаш 2015 ва Рустамҷон Ҳомидов, соли таваллудаш 2018 14 апрел, соати 14:20, ба шуъбаи эҳёгарии Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун бо нишонаҳои дилбеҳузурӣ бистарӣ шуда, барои наҷоти онҳо мутахассисон аз шаҳри Душанбе ва маркази вилоят даъват карда шуданд. Вале новобаста аз кӯшишу талошҳои духтурон аз 17 то 19 апрел Нигора, Нозанин ва Рустамҷон вафот намуданд.
Ба зикри Аҳлиддин Бозоров, ноболиғон бегоҳии 13 апрел занбурӯғ чида, аз модарашон хоҳиш мекунанд, ки ба онҳо бирён карда диҳад.
«Ба гуфтаи модари кӯдакон, шавҳараш зуд –зуд занбурӯғ чида меовард, аз ин рӯ модар фикр мекунад, ки ин занбурӯғҳо аз ҳамон навъест, ки қаблан шавҳараш меовард. Баъди бирён карда ба кӯдакон хӯрондан Басонат як соат пас қайд карда, аз дилбеҳузурӣ шикоят мекунад. Дар Нигора, Нозанин ва Рустамҷон нишонаҳои дилбеҳузурӣ соати 3-и шаб пайдо мешаванд ва онҳо 14 апрел, соати 14:20, яъне дер ба беморхона оварда мешаванд», -мегӯяд ҷонишини сардухтур оид ба корҳои табобатӣ Аҳлиддин Бозоров.








МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид






