Дар шаҳри Кӯлоб марҳилаи аввали Фестивали «Чакомаи гесӯ» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16.04.2020/АМИТ «Ховар»/. 15 апрел дар толори Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб марҳилаи аввали Фестивали «Чакомаи гесӯ» баргузор гардид. Дар он сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода, мудири шуьбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Бибинур Хушвахтова ва шоираи ваҳдатсаро Хосият Вализода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баргузории фестивал зикр гардид, ки «Чакомаи гесӯ» имконият медиҳад паҳлуҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани парваришу ороиши мӯй, ҳунари волои машшотагии ин ё он маҳал, навъҳои гуногуни мӯйбофию ҷамолакбандӣ, зулфандозӣ мавриди баҳрабардории ҳамагон қарор гиранд ва ҳунари ороишгарону машшотаҳо равнақ ёбад.
Фестивали мазкур се бахшро дар бар гирифта, аз ҷониби иштирокчиён ороиш ва мӯйбофии қадимӣ, ҳунари машшотаҳо ва ба ин восита дар доираи расму оинҳои миллӣ- саршӯёну арӯсбаророн, мӯйбофону зулфандозӣ, ҷамолакбандӣ, майдабофӣ (кокул, пита, панҷак, силсила, бадахшӣ, пӯпак, зулф ва ҳоказо) бо либосҳои маҳал намоиш дода шуд.
Ҳамзамон дар Фестивал кӯдакони 5-сола, наврасон ва духтарон бо мӯи дарозу қадди мавзун ва чеҳраи миллӣ ҳунарнамоӣ намуданд.
Иштирокчиёни фаъоли Фестивал бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлавтии шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали «Чакомаи гесӯ» бо мақсади бедор кардани ҳисси зебоипарастӣ дар замири занон дар мамлакат баргузор шуда, ҳадаф аз он на танҳо доштани гесӯвони дароз, балки баланд бардоштани завқи бонувон нисбат ба фарҳанги либоспӯшӣ, дур будан аз бегонапарастиву хурофот ва пос доштани арзишҳои миллӣ мебошад.








Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад






