Дар шаҳри Роғун корҳои санитарию зиддиэпидемикӣ пурзӯр карда мешаванд
РОҒУН, 29.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди шаҳри Роғун ҷиҳати пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти коронавируси намуди нави COVID-19 корҳои санитарию зиддиэпидемикӣ пурзӯр карда мешаванд. Бо таваҷҷуҳ ба ҳолати ҷойдошта ба тамоми ташкилоту муассисаҳо, корхонаю идораҳои кории мавҷуда, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, корхонаҳои сохтмонии ҳудуди ҶСК НБО «Роғун» барои гузаронидани корҳои иловагии санитарию зиддиэпидемикӣ мактуби расмӣ ирсол карда шудааст. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тамоми ташкилоту муассисаҳо муваззаф гардидаанд, ки талаботи қарори Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани чорабиниҳои иловагии санитарию зиддиэпидемикӣ (профилактикӣ) ҷиҳати пешгирии воридшавӣ аз паҳншавии сирояти коронавируси нави COVID-19 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро пурра риоя намоянд.
Тибқи иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, то ин замон дар тамоми ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, идораҳои давлатию ғайридавлатӣ, марказҳои хизматрасонӣ, биноҳои ташкилоти сохтмонӣ корҳои безараргардонӣ бо маҳлулҳои тамизкунанда гузаронида шуда, таъминот бо маводи аввалини пешгирикунанда низ ба роҳ монда шудаанд.
Дар шаҳр шурӯъ аз 2 апрели соли равон барои андешидани тадбирҳои пешгирикунандаи паҳншавии бемориҳои сироятӣ гурӯҳҳои тарғиботию ташвиқотӣ таъсис дода шуда, бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намудаанд. Гурӯҳҳои корӣ ҳамзамон вазифадор гардиданд, ки вазъи бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатиро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Ҳамзамон роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун, директори Агентии «Тоҷикстандарт» Қудрат Давлатзода зимни мулоқот бо аҳолӣ оид ба тозаю озода нигоҳ доштани атрофи биноҳои истиқоматию маъмурӣ, манзилҳои зист, риояи гигиенаи шахсӣ, тозагии назди даромадгоҳҳои биноҳои бисёрошёна, кам намудани рафтуомад дар ҷойҳои серодам, назорати доимии кӯдакону наврасон дар кӯчаю хиёбонҳо ва дигар масъалаҳои зарурӣ суҳбат намуд.








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






