Дар Тоҷикистон тамоми мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҷумла футбол то 10 майи соли равон манъ карда шуданд

Апрель 27, 2020 09:50

ДУШАНБЕ, 27.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон тамоми мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҷумла футбол то 10  майи соли равон манъ карда шуданд. Федератсияи футболи Тоҷикистон қарорҳои ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии бемории коронавируси COVID-19 дар мамлакатро, ки бо мақсади ҳифзи саломатӣ ва амнияти аҳолӣ қабул шудаанд, пурра дастгирӣ мекунад. Дар робита ба ин, Федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифт, ки тамоми мусобиқаҳои варзишии таҳти сарпарастии ин созмон баргузоршаванда, аз ҷумла мусобиқаҳои Лигаҳо ва федератсияҳои минтақавии футболро боздорад. Дар ин бора  ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки  25-26 апрел дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ  баргузор шуданд. Дар ин даври мусобиқа дастаҳои  футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бар  «Истаравшан»-и шаҳри Истравшан бо ҳисоби 2:1, «Истиқлол»-и Душанбе бо  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ   бо ҳисоби калони 6:1, «Хатлон»-и Бохтар  бо «Локомотив-Помир»-и Душанбе бо  бартарии  3:2, «Душанбе-83»-и  Душанбе бо КМВА бо ҳисоби 2:1 ва  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода   бо натиҷаи 2:1  ғолиб омаданд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 4-ум

«Файзканд» – «Истаравшан» – 2:1

Голҳо: Абдуқаҳор Қодиров, 45+1 (0:1). Ҷасур Қурбонов, 61 (1:1). Анвар Муродов, 67 (2:1).

«Истиқлол» – «Куктош» – 6:1

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 15 (1:0). Рустам Соиров, 61 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 65 (3:0). Холмурод Назаров, 69 – (худгол) (4:0). Холмурод Назаров, 81 (4:1). Рустам Соиров, 82 (5:1). Рустам Соиров, 90+3 (6:1).

«Локомотив-Памир» – «Хатлон» – 2:3

Голҳо: Худойдод Узоқов, 30 (0:1). Худойдод Узоқов, 38 (0:2). Азизбек Ҳасанов, 59 (1:2). Худойдод Узоқов, 67 (1:3). Шаҳром Сулаймонов, 82 (2:3).

 «Душанбе-83» – КМВА – 2:1

Голҳо: Хуршед Абдуллоев, 8 (1:0). Хуршед Абдуллоев, 84 (2:0). Фирӯз Бобиев, 88 (2:1).

Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ» – 2:1.

Голҳо: Диловаршо Ганиев, 22 (0:1). Санҷар Рихсибоев, 24 (1:1). Дилшод Бозоров 42 (2:1).

Хотиррасон  менамоем, ки  22 апрел    бозии охирини  даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ — «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар сатҳи баланд доир гардид. Ин вохӯрӣ байни дастаҳои  футболи «Кӯктош» ва «Хуҷанд» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 1:1  хотима ёфт. Дар ин сабқати ҷолиб голҳои дастаҳоро Ҳикматулло Расулов ва Фатҳулло Фатҳуллоев ба ҳадаф расониданд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 3-юм

«Кӯктош» – «Хуҷанд» – 1:1

Голҳо: Ҳикматулло Расулов, 41 (1:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 52 (1:1).

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Маъмур Икрамов, Хуршед Бекназаров, Фирдавс Чақалов, Манучеҳр Сафаров, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Чориев, Абдулмумин Забиров (Комрон Мирзонаҷод, 64), Муҳаммадшарифи Саидхоҷа (Андрей Сидоров, 66), Санҷар Рихсибоев, Дилшод Бозоров (Амирҷон Сафаров, 86).

«Кӯктош» (Рӯдакӣ): Қурбоналӣ Бобоев, Принс Артур, Холмурод Назаров, Аҳтам Холбоев, Далер Ёдгоров, Мунир Давлатбеков, Ҳикматулло Расулов (Собирҷон Холматов, 76), Муҳсинҷон Абдуғаффоров (Султоншо Мирзоев, 67), Бунёд Шодиев, Муҳиддин Одилов, Аббос Икромов (Азизбек Султонов, 59).

Рӯзҳои истироҳатӣ   4 бозии даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ доир шуда буданд. Дар он даври мусобиқа дастаи футболи  «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода- барандаи медалҳои биринҷии мавсими гузашта дар майдони худ дастаи  «Истаравшан»-и шаҳри Истравшанро бо ҳисоби 4:1 мағлуб намуд.

Дар ҳайати дастаи «Регар-ТадАЗ» Шероз Муҳаммадиев ва Диловаршо Ғаниев дуголӣ ба нишон расониданд. Голи дастаи футболи  «Истаравшан»-и   шаҳри Истравшанро  Илҳомҷон Баротов зад.

Вохӯрии дигар миёни дастаҳои нави Лигаи олӣ – «Душанбе-83»-и Душанбе  ва «Файзканд»-и ноҳияи  Восеъ мусовӣ анҷом ёфт – 0:0. Бо ин ҳисоб  дастаи  футболи «Душанбе-83» дар Лигаи олӣ аввалин хол ба даст овард. Бозии марказии даври сеюм миёни дастаҳои  пешсаф  – «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  сурат гирифт, ки ғолиб муайян нашуд. Дастаҳо баробар – 2:2 бозӣ карданд. Ҳисобро дар дақиқаи 9-ум бозингари дастаи   «Хатлон»   Парвиз Боқиохунов кушод. Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 32 ҳисобро баробар кард.  Қабл аз танаффус Умарҷон Шарифов тӯби дуюмро вориди дарвозаи   «Истиқлол» кард. Бозингарони дастаи  «Истиқлол»  дар вақти иловагӣ тавонистанд аз бохт раҳо ёбанд. Дар дақиқи 90+5 сардовар Насрулло Кабиров пеналтӣ таъйин кард, ки онро Манучеҳр Ҷалилов бехато иҷро намуд.

Дар бозии дигар  дастаи  КМВА бар дастаи нави Лигаи олӣ – «Локомотив-Помир»-и Душанбе  бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Аввалин ғалабаи дастаи артишро Шодибек Ғаффоров, Дилшод Восиев ва Нодирбек Иброҳимов таъмин карданд. Голи  дастаи  «Локомотив-Помир»-и Душанберо дар ин дидори ҷолиб Ислом Зоиров ба ҳадаф расонид.

Дар  бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон, ки 11-12 апрел дар варзишгоҳҳои  мамлакат сурат гирифтанд, дастаҳои  футболи «Локомотив-Помир»-и  Душанбе  ба «Душанбе-83»-и  Душанбе  бо ҳисоби 1:0, «Истиқлол»-и Душанбе ба  КМВА бо натиҷаи 2:0, «Хатлон»-и Бохтар ба «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби  3:2 «Кӯктош»-и ноҳияи  Рӯдакӣ  бар  «Истаравшан»  бо натиҷаи  3:0  ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ ба «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби   3:2  ғолиб омада буданд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 2-юм

«Хуҷанд» – «Хатлон» – 2:3.

Голҳо: Худойдод Узоқов, 20 (0:1). Сорбон Авғонов, 35 (0:2). Санҷар Рисхибоев, 47 (1:2). Парвиз Баки-Ахунов, 72 (1:3). Дилшод Бозоров, 90+7 (2:3).

«Истиқлол» — КМВА  2:0

Голҳо: Алишер   Ҷалилов, 19 ва Шериддин Бобоев, 86

«Файзканд» – «Регар-ТадАЗ» – 3:2

Голҳо: Сайёди Ковусшо, 6 –пеналти (1:0). Ҳоҷиакбар Узоқов, 45+1 (1:1). Сардорбек Эминов, 77 (1:2). Далерҷон Тухтасунов, 79 (2:2). Вайсиддин Сафаров, 85 (3:2).

«Истаравшан» – «Кӯктош» – 0:3

Голҳо: Собирҷон Холматов, 79 (0:1). Азизбек Султонов, 83 (0:2). Далер Ёдгоров, 90+1 (0:3).

«Локомотив-Помир» – «Душанбе-83» – 1:0

Гол: Изатулло Рузиев, 75 – (худгол).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 4 3 1 0 17-3 10
2 «Хатлон» (Бохтар) 4 3 1 0 10-7 10
3 «Файзканд» (Восеъ) 4 2 2 0 7-5 8
4 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 4 2 1 1 8-6 7
5 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 4 1 2 1 5-7 5
6 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 4 1 1 2 7-6 4
7 «Локомотив-Помир» (Душанбе) 4 1 1 2 6-8 4
8 «Душанбе-83» (Душанбе) 4 1 1 2 2-9 4
9 ССКА (Душанбе) 4 1 0 3 5-8 3
10 «Истаравшан» (Истаравшан) 4 0 0 4 3-11 0

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 7 тӯб, Худойдод Узоқов («Хатлон») – 4 тӯб, Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол»), Парвиз Боқиохунов («Хатлон»), Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ») – 3-тӯбӣ.

Апрель 27, 2020 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон барои ҷамъомади тамринӣ ба Қатар рафт
Байни «Саноатсодиротбонк» ва Клуби футболи «Истиқлол» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Панҷакент мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ баргузор мешавад
ФУТБОЛ. Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар чемпионати CAFA-2025 иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Тоҷикистон мизбони марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои мунтахаби занон интихоб шуд
Зуҳал Хуҷаназарова нахустин маротиба дар бозии Лигаи қаҳрамонҳои элитаи Осиё-2024/2025 ба ҳайси нозир фаъолият менамояд
Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон барои мизбонии Ҷоми Осиё-2031 пешниҳоди муштарак ирсол менамоянд
Дастаи «Истиқлол» барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон тими Арабистони Саудӣ бозии дӯстон мегузаронад
ФУТБОЛ. Гулмуроди Саъдулло бозии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 байни дастаҳои Индонезия ва Баҳрайнро доварӣ менамояд
«ҶОМИ РУШД-2025». Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар дастаи Эрон зафар ёфт
ҶОИЗАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Беш аз 1,7 миллион сомонӣ ба ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ супорида шуд