Хадамоти муҳоҷират: «Шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Россия муроҷиат намоянд»
ДУШАНБЕ, 06.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 18 март то 1 майи соли равон бинобар вазъияти баамаломада — хуруҷи бемории коронавирус воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба қаламрави Федератсияи Россия манъ гардидааст. Дар ин давра муҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар бе убури сарҳади давлатии он ба кишварҳои дигар тамдид карда мешавад. Шаҳрвандони Тоҷикистон барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва машварати зарурӣ метавонанд ба намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия ва кормандони он дар минтақаҳои ин кишвар тавассути телефонҳои зерин: +7 (495) 745-01-90; +7(495)967 98 44; +7(903) 597 12 13; +7 (925)123 62 04, Ҳавзаи федералии Урал, шаҳри Екатеринбург. тел.: +7 (982)739 89 98, Ҳавзаи федералии шимолу ғарбӣ, шаҳри Санкт- Петербург тел.:+7(967) 271 02 02, Ҳавзаи федералии Приволжье, шаҳри Уфа. тел.:+7(926) 591 51 08, +7(915) 488 32 ва Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, шаҳри Новосибирск. тел.: +7(977) 272 00 01 муроҷиат намоянд.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
«Ҳамчунин муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муҳлати буду боши қонуниашон дар асоси патент дар ин давра, яъне аз 18 март то 1 майи соли ҷорӣ ба охир мерасад, метавонанд бе убури сарҳади давлатӣ ба марказҳои бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ (МФЦ) муроҷиат намуда, барои барасмиятдарории патент ва тамдиди он ба муҳлати як соли дигар муроҷиат намуда, муҳлати буду боши худро идома диҳанд»,-афзуд манбаъ.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳолати мазкур аз ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия қарор доранд, хоҳиш мекунад, ки дар давраи то 1 майи соли ҷорӣ қоидаҳои муқарраршударо оид ба пешгирӣ аз бемории мазкур дар ин кишвар қатъиян риоя намуда, бе зарурат аз макони зисташон берун набароянд.
Бино ба иттилои манбаъ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсадҳои сафари шахсӣ, тиҷоратӣ, хизматӣ ва ғайра ба муҳлати 3 моҳ дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, метавонанд дар ҷойи қайди муҳоҷиратиашон дар шуъбаҳои кор бо муҳоҷират қайди муҳоҷиратии худро тамдид намоянд.
Дар ин давра бояд аз ҷониби мақомоти дахлдори Федератсияи Россия ва сохторҳои муҳоҷиратии Вазорати корҳои дохилии Россия нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ барои вайрон намудани муҳлати будубош маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода нашавад.
Ҳангоми мавҷудияти эҳтимоли сироятёбӣ аз ин беморӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз доштани полиси суғуртаи тиббӣ барои ташхис ва табобат дар беморхонаҳои махсуси сироятии Федератсияи Россия имкон доранд.








Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳқими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?
Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Барномаи сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид
Аз 4 то 7 март дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад






