Хатлон дар маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолнокӣ нишон медиҳад

Апрель 14, 2020 11:55

ДУШАНБЕ, 14.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. То имрӯз дар вилояти Хатлон  маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бомаром идома дошта, бо ин мақсад  аз ҷониби масъулин  бо волидайни ҷавонписарони синашон ба хизмат расида, вохӯрию суҳбатҳои муфид анҷом дода мешавад.   Гузаронидани корҳои тарғиботӣ натиҷаи хуб  ба бор оварда,  дар як зумра шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла, дар  шаҳри Норак, ноҳияҳои Данғара, Ш.Шоҳин, Ховалинг, Н.Хусрав сафи ҷавонони ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ ҳозиршуда, меафзояд.  Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Орифи Нозимиён  ба АМИТ  «Ховар»  хабар дод.

Маъракаи навбатии даъвати наваскарон дар шаҳри Душанбе, вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  низ   самарабахш ба роҳ монда шуда, шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Лахш, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Нуробод дар ин ҷода пешсафанд.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар рӯзи аввали даъват  натиҷаҳои назаррас нишон дод.

«Айни замон ин маъракаи муҳими низомӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат  идома дорад ва ҷавонони синни  хизматӣ ҳамарӯза ба комиссариатҳои ҳарбии минтақаи хеш ҳозир шуда, омодагии худро баҳри хизмат ба халқу Ватан ва якпорчагии Тоҷикистон иброз медоранд»,- гуфт Орифи Нозимиён.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намуданд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002-уми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ва ҷиҳати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз 1 апрели соли равон даъвати ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардид.

АКС аз бойгонӣ

Апрель 14, 2020 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад