ХУШХАБАР! Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин театрҳои ИДМ шомил гардид
ДУШАНБЕ, 17.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сомонаи «ТурСтат» дар сомонаҳои театрӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ раддабандии беҳтарин театрҳои операвии ИДМ-ро аз ҷиҳати маъруфияти тамошобин ва пахши онлайнӣ пешниҳод намуд. Дар ин раддабандӣ Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар Душанбе ба даҳгонаи беҳтарин театрҳои операи ИДМ шомил гардидааст.
Раддабандӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии фарҳанг, ки 15 апрел, ба муносибати қабули паймони Рерих «Оид ба ҳимояи муассисаҳои бадеӣ, илмӣ ва ёдгориҳои таърихӣ» дар соли 1935 қабул гардидааст, мураттаб сохта шудааст.
Беҳтарин даҳгонаи театрҳои операи ИДМ инҳоянд: Театри давлатии академии бузурги Россия дар Москва, Театри калони Беларус дар Минск, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Абай дар Алмаато, Театри давлатии опера ва балети «Астана Опера» дар Нурсултон, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи А.Охундов дар Боку, Театри академии опера ва балети ба номи А. Спендиарови Арманистон дар Ереван, Театри давлатии академии калони ба номи Алишер Навоӣ дар Тошканд, Театри миллии опера ва балети ҷумҳурии Молдова ба номи Мария Биеш дар Кишинёв, Театри миллии академии ордени Лениндори опера ва балети ба номи Абдилас Малдбаев дар Бишкек, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар Душанбе .
Раддабандӣ дар асоси тадқиқоти шӯҳратёрии театрҳо ва намоишҳои онлайнӣ сурат гирифтааст.








ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад






