Кӯлоб: Бо мақсади пешгирии коронавирус дар тамоми муассисаю хонаҳои истиқоматӣ корҳои профилактикӣ гузаронида мешаванд

Апрель 3, 2020 15:43

КӮЛОБ, 03.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус   то  инҷониб  424 муассисаи таълимӣ ва иншооти ёрирасон дар минтақаи Кӯлоб  тамиз (дезинфексия) карда шуданд. Инчунин дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои  дахлдор     маҳаллаву шаҳракҳои шаҳри Кӯлоб ва атрофии он  бо ҷалби кормандони соҳаи тандурустӣ тибқи талаботи санитарӣ тоза карда шуда, бо сокинон ҷиҳати риояи гигиенаи шахсӣ ва безараргардонии манзили зисту корашон   корҳои таблиғотӣ бурда мешавад.

Ин  матлабро директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Кӯлоб Шаҳноза Наҷмиддинова ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов иброз намуд.

Номбурда зикр кард, ки имрӯз ҷаҳони муосирро  яке аз проблемаҳои  муҳим  ва ташвишовар — паҳншавии бемории каронавирус  фаро гирифтааст. Бо вуҷуди андешидани чораҳои амалӣ ҷиҳати  пешгирӣ аз  ин вирус аз ҷониби  Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ  ва дигар ниҳодҳои дахлдор  вазъият ҳамоно нигаронкунанда боқӣ  мемонад.

Хушбахтона, то ҳоло ҳодисаҳои   сироятшавӣ  ва фавти  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин беморӣ мушоҳида нашудааст. Аммо  ин набояд мояи фориғболӣ ва бепарвоии мо, шаҳрвадони ҷумҳурӣ гардад. Мегӯянд, ки пешгирии беморӣ аз табобати он арзонтар меистад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки  бо дарназардошти  вазъияти баамаломада  зиндагии худро тибқи  тавсияҳои мутахассисони соҳа ба роҳ монем.

«Бори аввал  коронавирус  соли 1965  ба қайд гирифта шуда буд. Оилаи коронавирус 39 намуд  вирусҳоро дар бар  мегирад, ки  онҳо  ба ду-се оила  тақсим мешаванд. Коронавирус одам, гурба, паранда, саг, ҳайвонҳои калони шохдор  ва хукҳоро  ба беморӣ гирифтор мекунад. Геноми коронавирус  аз як занҷири  кислотаи  рибонуклеинат  иборат буда,  бо мембранаи  сафеда  иҳота шуда, дар он  шохчаҳои тоҷмонанд  дида мешаванд. Аз ин лиҳоз  номи онро коронавирус меноманд. Коронавирус ба узвҳои роҳи нафас, узвҳои ҳозима  ва системаи асаб  зарар мерасонад. Одам  ба бемории  илтиҳоби шуш (пневмония)  мубтало мешавад, ки  он сабаби марги бемор мегардад. Манбаи сироят  одами бемор мебошад ва беморӣ  бо роҳи   ҳавоию қатрагӣ аз одами бемор мегузарад»,- афзуд Шаҳноза Наҷмиддинова .

Ин беморӣ  моҳи январи соли 2020 дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии Чин хуруҷ карда,  ба давлатҳои зиёди олам паҳн ва сабаби марги  одамони зиёде гардид.  Манбаи   паҳншавии ин вирус  ҳайвонҳои ваҳшӣ (кӯршапарак, муши паррон, мор  ва дигар хазандагон) будаанд, ки  ғайриқонунӣ дар  дар бозори  шаҳри Ухан  фурӯхта мешуданд.

Дар айни ҳол 6 намуди коронавирус  маълум аст, ки  метавонад одамро сироят кунанд. Чортои он хавфнок набуда, дутои дигараш  барангезандаи  бемории  илтиҳоби шуш  мебошанд, ки  хеле  хатарнок буда,  боиси марг мешаванд.

Нишонаҳои  сироятёбӣ аз коронавирус — ин баландшавии ҳарорати бадан, сулфа ва мушкилӣ дар нафаскашӣ мебошад. Ба ғайр  аз ин  дар  одам  нишонаҳои қайкунӣ, дилбеҳузурӣ  ва дарунравӣ дида мешаванд, ки монанди дарди рӯда мебошад. То ҳол  ваксина бар зидди  коронавирус  пайдо нашудааст, аммо  дар ташхисгоҳҳои  давлатҳои мутараққӣ барои дарёфти ваксина  тамоми тадбирҳои заруриро  андешида истодаанд.

Тавсияи  Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба паст кардани хатари сирояти  коронавирус дар байни шаҳрвандон- ин пеш аз ҳама,  риоя кардани қоидаҳои гигиенӣ мебошад. Дар ин самт кормандони Маркази назорати давлатии  санитарию эпидемиологии шаҳри Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳиро байни аҳолӣ бурда истода,  инчунин аз тарафи  кормандони соҳаи тандурустӣ  дар шуъбаҳои тандурустии шаҳру минтақа навбатдории шабонарӯзи ҷиҳати пешгирии ин беморӣ ташкил карда шудааст.

Ба ғайр  аз ин дар фурудгоҳи  шаҳри Кӯлоб  барои бехатарӣ  ва муайян намудани  бемориҳо ҳароратсанҷи фосилавӣ (термосканер), ки  ин ҳам барои солимии ҷомеа  мададрасон  мебошад, истифода мешавад.

Апрель 3, 2020 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бразилия таҷрибаи Тоҷикистон дар самти мониторинг ва пешгӯии офатҳои табиӣ муариифӣ гардид
Дилноза Аҳмадзода: «Сармоягузории давлат ба рушди зеҳнии кӯдакон ва наврасон ин сармоягузорӣ ба ояндаи миллат мебошад»
ПРЕЗИДЕНТ- КАФИЛИ ҲАСТИИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш баргузор гардид
ПРЕЗИДЕНТИ МАН – ИФТИХОРИ МАН. Таҳти ин унвон аксияи ҷумҳуриявӣ идома дорад
«ПРЕЗИДЕНТ-КАФИЛИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Душанбе таҳти ин унвон конференсияи илмӣ доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НОБИНОЁН. Ҳар инсон бояд соле на камтар аз ду маротиба аз назорати табиби чашм гузарад
Маликшо Неъматзода ва Евгений Примаков рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
«ПРЕЗИДЕНТИ МО-ИФТИХОРИ МО». Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби ноҳияи Фирдавсӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон паёмрасони миллӣ- ORIZ ба фаъолият оғоз намуд
Вазъи беҳтар кардани некӯаҳволии занону духтарон ва солимии репродуктивии онҳо баррасӣ гардид
Ба Раёсатҳои захираҳои оби минтақаҳои ҳавзавии Вахш ва Панҷ нақлиёти нави барқӣ тақдим гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъемоли биҳӣ мушкилоти ҳозима, аз ҷумла қабзиятро кам мекунад