«Камол дар оинаи тазкираҳо» — таҳти ин унвон китоби нав ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 09.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 700-солагии шоири ширинкаломи тоҷик Хоҷа Камоли Хуҷандӣ Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» китоби наверо бо номи «Камол дар оинаи тазкираҳо» нашр намуд. Китоби мазкур аз ҷониби кормандони ҷавони марказ Иззатбек Шехимов ва Зоҳирҷон Юсупов таҳия гардидааст. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси вилоти Суғд иттилоъ медиҳад.
Китоби «Камол дар оинаи тазкираҳо» фарогири матолиби сарчашмаҳои асосии шинохти шахсият ва ҷаҳонбиниву шеъри Шайх Камоли Хуҷандӣ буда, барои муҳаққиқон ва оммаи васеи хонандагони тоҷик нигаронида шудааст. Инчунин дар баробари фарогирии муҳимтарин маълумоти тазкираҳои қадиму муосир дар китоб нақду ашъори шоирро шарҳ ва тавзеҳ додаанд. Дар китоби мазкур маълумоти сарчашмаҳое, ки дар замони Камоли Хуҷандӣ иншо шудаанд, аз қабили дебочаи девони шоир, китобҳои «Дастуру-л-котиб»-и Муҳаммади Нахҷувонӣ, «Ҷавоҳиру-л-асрор»-и Шайх Озарӣ дар мадди назари аввал қарор гирифтаанд.
Ҳамчунин муаллифон ҳаёти норӯшани шоирро баррасӣ ва аз рӯи сарчашмаҳо равшан намуданд. Дар китоб маълумоти 77 сарчашма гирд оварда шудааст.
Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» дар назар дорад, ки «Силсилаи китобҳои камолшиносӣ»-ро дар даҳ ҷилд таҳия ва нашр намояд.
Ёдовар мешавем, ки ин гуна фарзандони фарзонаи миллат дар саргаҳи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо қарор доранд. Бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат соли равон 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил мегардад.
700 солагии шоири номдор Камоли Хуҷандӣ 12-28 ноябри соли 2019 ба рӯйхати солгардҳои ЮНЕСКО пазируфта шуд.
Мавриди зикр аст, ки нобиғагони тоҷик дар ташаккули илму фарҳанги башарӣ саҳми арзанда гузоштаанд ва яке аз чунин шахсиятҳо Хоҷа Камоли Хуҷандӣ мебошад. Ин бузургмарди миллат дар арсаи байналмилалӣ мақоми хеле баланд дошта, бешак, шахсияти ҷаҳонӣ мебошад.
Камолиддин Абӯаҳмад Муҳаммади Хуҷандӣ, ки бо номи Камоли Хуҷандӣ маъруфу машҳур гардидааст, тахминан солҳои 1319-1320 дар Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Назар ба навиштаи соҳибони тазкира, Камол тақрибан солҳои 1350-60 аз Хуҷанд ба нияти ҳаҷ, бо роҳи Хоразм ба Арабистон рафта, дар бозгашт бинобар писанд омадани обу ҳавои Табрез он ҷо мондааст.
Камоли Хуҷандӣ яке аз намояндагони барҷастаи шеъру адаби форсу тоҷик маҳсуб мешавад. Ӯ ҳамчун устоди ғазал дар рушду инкишофи ин жанри адабӣ хизмати шоистае анҷом дода, онро ба пояҳои хеле баланд бардоштааст.
Ғазал дар эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ мавқеи асосӣ дорад. Ҳарчанд Камол ба жанрҳои дигари шеърӣ низ даст задааст, лекин теъдоди зиёди эҷодиёти ӯро ғазал ташкил медиҳад. Ғазал оинаи зиндагонии ӯст. Дар ғазал шоир тамоми ормону эҳсосоти худро то вопасин лаҳзаҳои ҳаёташ баён намудааст.








Имрӯз дар Боғи Куруши Кабир «Кӯчаи сайёҳии мавсимӣ» ифтитоҳ мегардад
«ЧЕҲРАИ МИЛЛАТ». Таҳти чунин унвон ба ифтихори Рӯзи Президент китоб ба нашр расид
10 нафар омӯзгор ва донишҷӯйи Донишгоҳи техникӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд
Ҳунарҳои миллӣ бо усули «хона ба хона», «деҳа ба деҳа» ва «маҳал ба маҳал» тарғиб карда мешаванд
Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим- пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мегарданд
ТЕАТР — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Дар Душанбе шаш театри касбӣ фаъолият мекунад
7 НОЯБР- РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Театри миллии Тоҷикистон бо шароити ҷавобгӯ ба талаботи сатҳи ҷаҳонӣ бунёд гардида истодааст
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Осорхонаи миллӣ сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Туҳфаи арзандаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Ёвон расид
Дар Вазорати фарҳанг бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ доир шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Нимаи дуюми моҳи ноябр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад






