Кормандони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар бартараф намудани оқибатҳои барф дар Душанбе саҳми назаррас гузоштанд
ДУШАНБЕ, 09.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. 8-9 апрел дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид ба амал омада, борони бошиддат ба барф табдил ёфт. Дар натиҷаи боридани барфи зиёд дарахтони сояафкан, ороишӣ ва гулу буттаҳо дар хиёбонҳо, кӯчаҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ дар шаҳри Душанбе зери барф монданд.
Бо супориши бевоситаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода соати 02:00-и 9 апрел ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии сардори Сарраёсат, генерал-майори хизмати дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода бо ҷалби 15 адад нақлиёти асосӣ ва махсуси оташнишонӣ, инчунин 221 нафар ҳайати шахсӣ барои бартараф намудани оқибатҳои бориши барф ва тоза намудани дарахтон ба хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои С. Шерозӣ, Теҳрон, Боғи Рӯдакӣ, Ҷ. Расулов, А. Дониш, Яккачинор, Ҳувайдуллоев, Абай, А. Сино, Борбад, Назаршоев, Дӯстии халқҳои шаҳри Душанбе сафарбар карда шуданд. Дар ин бора аз Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ 2800 дарахти сояафкан ва ороишии кӯча ва хиёбони Рӯдакӣ, 1144 адад дар кӯчаи Теҳрон, 1620 адад дар к. С. Шерозӣ, 1493 адад дар к. Ҷ. Расулов, 745 адад дар к. А. Дониш, 1633 адад дар к. Маяковский, 840 адад дар к. Яккачинор, 1220 адад дар к. Ҳувайдуллоев, 940 адад дар к.Абай, 1510 адад дар к. А. Сино, 1730 адад дар к. Борбад, 740 адад дар к. Назаршоев, 940 адад дар к. А. Дониш ва 1340 адад дарахтони кӯчаи Дӯстии халқҳои шаҳри Душанбе, ки зери барф монда буданд, бо ёрии чӯбдастҳо, шохин ва дигар олоти махсус аз барф тоза карда шуданд.
Дар натиҷаи азназаргузаронӣ ва тоза намудани кӯчаҳои мазкур маълум карда шуд, ки 15 адад дарахтони сояафкан шикаста, ба замин афтидаанд, ки онҳо бо қувваи ҳайати шахсӣ барканор карда шуданд.











Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад






