«Куруш» — чунин номгузорӣ шуд кинотеатри замонавии «Тоҷикфилм»
ДУШАНБЕ, 15.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Кинотеатри замонавӣ дар назди Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба ифтихори шоҳаншоҳи ориётабор «Куруш» номгузорӣ шуд. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён зимни ҷаласаи ҷамъбасти семоҳа иброз намуд, ки кинотеатр то оғози Кинофестивали байналмилалии «Душанбе» ба истифода дода мешавад. Ҳамчунин дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои мубрам оид ба кинои ватанӣ, назорат ва паҳнкунии маводи аудиовизуалӣ баррасӣ гардиданд.
Тавре қаблан хабар дода будем, «Тоҷикфилм» тасмим гирифтааст, ки дар заминаи толори якуми муассиса кинотеатри замонавӣ таъсис диҳад.
Ба гуфти М. Шоҳиён, таъсиси кинотеатр дар «Тоҷикфилм» ниҳоят муҳим мебошад. Зеро барои баргузории фестивалҳои синамоӣ ва ҳафтаи филмҳои мамлакатҳои ба мо дӯст доштани кинотеатри замонавӣ ба манфиати кор аст.
Кинотеатри замонавӣ бо назардошти беш аз 200 ҷойи нишаст сохта шуда, дар он насби таҷҳизоти садоии 5Х1 ва экрани васеъ, курсиҳои бароҳат бо шароити зарурӣ ва мувофиқ ба талаботи замон дар назар аст.
Дар шаҳри Душанбе кинотеатрҳои замонавӣ ангуштшумор мебошанд. Аз ин рӯ ин иқдоми «Тоҷикфилм» ба манфиати муассиса ва ҷомеа мебошад.








Моҳи октябр Фестивали 13-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид






