Маҷмӯи барномаҳои муштараки фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон барои соли 2020 тарҳрезӣ шуд
ДУШАНБЕ, 14.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Маҷмӯи чорабиниҳои фарҳангии муштараки Тоҷикистон ва Эрон барои соли 2020 зимни мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ 13 апрел дар шаҳри Душанбе тарҳрезӣ гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанг хабар медиҳад, ҷонибҳо инчунин оид ба рушди муносибатҳои фарҳангии ду мамлакат мубодилаи афкор намуданд.
Зикр шуд, ки муносибатҳои фарҳангӣ ба рушди робитаҳои мухталиф таҳрик мебахшанд ва вусъат додани онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти дахлдори ду мамлакат мебошад.
Мусоҳибон оид ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон, намоиши муштараки дастовардҳои илмиву фарҳангии ду давлат, маҳфилҳо оид ба бузургдошти чеҳраҳои шинохтаи адабиёти тоҷику форс, табодули таҷриба дар соҳаи санъату ҳунар ва нашри китоб изҳори андеша намуданд.








Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






