«НАҶОТИ МО АЗ ИЛМ ВОБАСТА АСТ». ЮНЕСКО муколамаи маҷозии вазоратҳоро оид ба масъалаи COVID-19 доир намуд

Апрель 1, 2020 12:13

ДУШАНБЕ, 01.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. 30 март ЮНЕСКО онлайн- машварати намояндагони вазоратҳои илми тамоми ҷаҳонро ташкил намуд. Дар машварат намояндагони 122 мамлакат, аз ҷумла 77 вазир ва котибони давлатӣ,  ҳамчунин комиссарони аврупоӣ оид ба масоили инноватсия, тадқиқот,  фарҳанг,  маориф ва ҷавонон  Мария Габриэл, комиссар оид ба кадрҳо,  илм ва техникаи иттиҳоди африкоӣ  Сара Анян Агбор, собиқ ноиби президенти Никарагуа  Моисес Омар Халлеслевенс Асеведо  ва сарходими СУТ доктор Сумия Сваминатан  ширкат намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти ЮНЕСКО иттилоъ медиҳад.

Ҳадафи ин машварат муҳокимаи нақши муҳими ҳамкории байналмилалии илмӣ ва зиёд намудани маблағгузорӣ дар соҳаи илм вобаста ба пандемияи COVID-19 буд.

Масъалаи калидии «илми боз», ки ЮНЕСКО аз моҳи ноябри соли гузашта аз рӯи  он тавсия омода мекунад, мавзӯи асосӣ барои муҳокима гардид.

Дабири кулли ЮНЕСКО Одрэ Азуле  ( дар акс) аз ҳукуматҳо даъват ба амал овард, ки ҳамкории илмиро таҳким бахшанд ва бо мақсади пешгирӣ ва нарм сохтани пайомадҳои буҳронҳои ҷаҳонӣ  илми бозро ба барномаҳои тадқиқотии худ ворид созанд.

«Пандемияи COVID-19  моро водор месозад, ки нақши муҳими  илмро ҳам дар тадқиқот ва ҳам дар ҳамкории байналмилалӣ  дарк намоем. Буҳрони кунунӣ  низ зарурати бештари  мубодилаи пурсамари иттилоотиро бо кумаки илми боз талқин месозад. Вақти муттаҳид сохтани тамоми кӯшишҳои мо расид»,- изҳор дошт дабири кулл.

Ба гуфти сармутахассиси СУТ Сваминатан, «ҳамкорӣ барои табодули дониш ва маълумот,  ҳамчунин барои пешбурди тадқиқоти COVID-19 воқеан муҳим  ва саривақтист. Дар ҳоле, ки монеаҳои тиҷоратӣ ва нақлиётӣ ба ҳаракати молҳои мавриди ниёзи аввал монеъ мешаванд, таъкид кардан муҳим аст, ки  илм  бояд  чорабиниҳои ҷаҳонии эътино кардан ба пандемияро идора намояд»

Анян Агбор аз Иттиҳоди афикоӣ  таъкид намуд, ки «ба Африка коргоҳи нисбатан неруманди тадқиқотӣ, ки доираҳои илмӣ,  ҳамчунин бахши давлатию хусусиро сафарбар менамояд, зарур аст. Охири соли гузашта Иттиҳоди африқоӣ  эътироф кард, ки илми боз метавонад вазъиятро дар мубориза бо нобаробарӣ тағйир диҳад».

Ҳафтаҳои охир иттиҳоди байналмилалии илмӣ кӯшишҳояшро дар ҷавоб ба вазъияти фавқулода равона сохт, аз ҷумла бо роҳи табодул ва паҳнсозии ҳамаҷонибаи натиҷаи тадқиқот ва ислоҳоти бемисли усулҳои кори худ: маҷаллаҳои бонуфузи илмӣ маълумотро дар бораи вирус дастраси ҳамагон карданд, беш аз 1000 мақолаҳои тадқиқотӣ дар фазои дастрасии озод дар ҷавоб ба даъвати СУТ нашр шуданд, Иттиҳодияҳои байналмилалӣ -тадқиқотӣ дар зарфи чанд рӯз ташкил ёфтанд.

«Наҷоти мо аз илм вобастагӣ дорад», — хулоса кард вазири илм, технологияҳо, инноватсияҳо ва  коммуникатсияҳои Бразилия Маркос Понтес.

Апрель 1, 2020 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид