Ноҳияи Носири Хусрав: модарон аз фарзандон хидмати содиқона хоҳиш карданд

Апрель 16, 2020 09:38

ДУШАНБЕ, 16.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Зимни маросими гусели ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Артиши миллӣ дар ноҳияи Носири Хусрав модарони даъватшудагон Лаълбегим Буҷабекова ва Ашӯргул Сафарова зикр карданд, ки нишоти рӯзгор аз оромии давлат аст. Зимнан, онҳо дар симои фарзандони хеш аз ҳама ҷавонон хоҳиш карданд, ки хизмати ҳарбиро бо дилу ҷон ба ҷо оварда, бо  сари  баланд ба хона баргарданд. Дар ин бора аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Маросими идона дар  қасри фарҳанги ноҳия доир гардид. Ҷавонони ба хизмат сафарбаршуда бо дарки масъулияти фарзандӣ дар назди Ватан-Модар ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуда буданд.

Узви кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия Даврон Нишонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сурайё Ализода ва дигар ҷамъомадагон иброз доштанд, ки хизмат ба Ватан қарзи имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбия, матонат, ҷасорат ва мардонагӣ маҳсуб мешавад.

Пас аз манзур шудани барномаи рангини фарҳангӣ, ки дар ташкили он аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и назди КИ ҲХДТ ҳиссаи сазовор гузоштанд, даъватшудагон бо дуои неки пирони рӯзгордида барои адои қарзи ҷавонмардӣ гусел карда шуданд.

Апрель 16, 2020 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид